ИМА ва Исроил дар ҷустуҷӯи раҳбари нави олии Эронанд — The Times

Тибқи маълумоти нашршуда, Муҷтабо Хоманаӣ беш аз 150 рӯз аст, ки аз воситаҳои электронии иртиботӣ, аз ҷумла телефон ва ноутбук истифода накардааст.

Ба навиштаи рӯзномаи бритониёии The Times, Идораи марказии иктишофии ИМА (CIA) ва хадамоти иктишофии Исроил («Моссад») талош доранд макони будубоши раҳбари нави олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ-ро муайян кунанд.

Тибқи маълумоти нашршуда, Муҷтабо Хоманаӣ беш аз 150 рӯз аст, ки аз воситаҳои электронии иртиботӣ, аз ҷумла телефон ва ноутбук истифода накардааст. Гуфта мешавад, ӯ эҳтимолан дар як паноҳгоҳи амн қарор дошта, иртиботи ӯ бо берун танҳо тавассути намояндагони Корпуси посдорони Инқилоби исломӣ сурат мегирад.

Бархе манбаъҳо ҳамчунин иддао доранд, ки ӯ ҳангоми ҳамлаи ҳавоии рӯзи 28 феврал аз ноҳияи рӯй ҷароҳат бардоштааст. Ба гуфтаи яке аз собиқ роҳбарони воҳидҳои «Моссад», хадамоти иктишофии Исроил тавассути шабакаи агентҳои худ дар дохили Эрон барои муайян кардани маҳалли будубоши Хоманаӣ талош мекунад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти амнияти Тел-Авив Бени Сабти бар ин назар аст, ки дар назди омма ҳозир нашудани раҳбари олӣ метавонад нуфузи сиёсии Корпуси посдорони Инқилоби исломиро бештар кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити буҳрон эҳтимол дорад қабули қарорҳои муҳим бештар дар доираи маҳдуди элитаи ҳарбӣ ва сиёсӣ сурат гирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: