Тӯҳфаи «Китоб нашр» ба дӯстдорони китоб

Китоб махзани дониш, сарчашмаи маърифат, дӯсти содиқ ва сарвати бебаҳои инсон аст. Нақши он дар тарбияи фарзанд ва ташаккули ҷаҳонбинии насли нав бисёр муҳим мебошад. Маҳз мутолиаи китоб буд, ки аҷдоди моро ба қуллаҳои баланди илму фарҳанг расонида, онҳоро дар тамаддуни ҷаҳонӣ соҳибмақом гардонд.

Журналисти эҷодкор Нуралӣ Раҷаб бештар дар жанри наср қалам мекашад. Осори ӯ пайваста дар матбуоти даврии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба табъ расида, мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи хонандагон қарор гирифтаанд.

Соли ҷорӣ китоби навбатии нависанда бо номи «Заҳри одам» дар нашриёти «Китоб нашр»-и шаҳри Тирмиз аз чоп баромад. Маҷмӯа ҳикояҳо, новеллаҳо, ҳаҷвияҳо ва чанд ёдномаро дар бар гирифта, ҷаҳони андеша ва таҷрибаи зиндагии муаллифро бозтоб мекунад.

Асарҳои Нуралӣ Раҷаб бо самимият, содагӣ ва воқеъбинӣ фарқ мекунанд. Навиштаҳои ӯ аз дил баромада, ба дил менишинанд. Қиссаҳо ва новеллаҳои маҷмӯа бар пояи воқеият эҷод шуда, аксари қаҳрамонони онҳо аз муҳити зиндагии худи муаллиф — ҳамдиёрон, ҳамсолон, дӯстону наздикон ва ҳамсафарони зиндагии ӯ гирифта шудаанд.

Дар саҳифаҳои китоби «Заҳри одам» самимияти баён ва равонии нақл бештар эҳсос мешавад. Маҳз ҳамин хусусият хонандаро бетараф намегузорад. Муҳтавои китоб ҷавононро ба омӯзиши илму дониш, парвариши ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми падару модар, саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ва Ватан, инчунин инсофу виҷдон ва масъулиятшиносӣ ҳидоят мекунад. Аз ин ҷиҳат, маҷмӯа метавонад барои тарбияи маънавии насли нав дастури арзишманд бошад.

Тавре дар сарсухани китоб доктори фалсафа аз рӯйи илмҳои филологӣ Фозилҷон Шукурӣ менависад:

«Аз навиштаҳои муаллиф бармеояд, ки ӯ ба мавзӯъҳои таърихӣ ва сарнавишти пурдарди шахсиятҳои барҷастаи гузашта таваҷҷуҳи хос дорад. Ҳикояҳои «Қатли вазири аъзам», «Силии қисмат», «Захми дил» ва «Арвоҳзадагон» аз ҳамин қабиланд. Дар ин асарҳо воқеаву ҳодисаҳо бо маҳорати баланд ва тасвири таъсирбахш ба қалам дода шудаанд, ки дар зеҳни хонанда андешаҳои амиқу хотирмонро боқӣ мегузоранд.

Ҳикояҳои Нуралӣ Раҷаб танҳо нақли рӯйдодҳои зиндагӣ нестанд, балки хонандаро ба андеша водор намуда, ӯро ба беэътино набудан нисбат ба зиндагӣ, инсон ва ҳақиқат даъват мекунанд».

Умед аст, ки маҷмӯаи «Заҳри одам», ки бо тозагӣ ва гармиаш ба нони нав аз танӯр баромада шабоҳат дорад, эҳтиёҷи маънавии дӯстдорони китобро қонеъ сохта, дар миёни хонандагон ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо хоҳад кард.

 

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: