Чемпионати IV ҷаҳон оид ба шоҳмот миёни варзишгарони нобино ва сустбин, ки дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор гардид, ба анҷом расид.
Тавре канали расмии Telegram-и лоиҳаи «Uzchess» хабар медиҳад, намояндаи тими миллии Ӯзбекистон Аҳадҷон Кимсанбоев бо ҳунарнамоии дурахшон соҳиби медали тилло гардида, унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.
Шоҳмотбози ӯзбекистонӣ дар тӯли мусобиқа бозии устувор ва эътимодбахш нишон дода, дар ҳамаи марҳилаҳо бар рақибонаш пирӯз шуд. Ӯ дар вохӯриҳои ҳалкунанда низ маҳорати баланд нишон дода, сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Бояд зикр кард, ки ин дастовард на танҳо натиҷаи заҳмати чандинсолаи варзишгар ва маҳорати баланди ӯст, балки бозгӯи пешрафтҳои назарраси Ӯзбекистон дар рушди шоҳмоти паралимпӣ низ мебошад.