Имрӯзҳо бисёриҳо аз он шикоят мекунанд, ки диққаташон парешон шудааст, зуд чизҳоро фаромӯш мекунанд ва ё ҳангоми кору таҳсил фикрашон ба осонӣ халал меёбад. Мутахассисон ин ҳолатро "тумани мағзи сар" (brain fog) меноманд.
Тавре BBC News менависад, "тумани мағз" худ бемории алоҳида нест, балки маҷмӯи нишонаҳоест, ки ба фаъолияти зеҳнӣ таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, инсон дар тамаркуз кардан душворӣ мекашад, зуд фаромӯш мекунад ва эҳсос мекунад, ки фикрронияш нисбат ба пеш сусттар шудааст.
Ба гуфтаи табиби бритониёӣ доктор Тарака, чунин ҳолат метавонад дар натиҷаи хастагӣ, фишори равонӣ, тағйироти гормонӣ, гирифторӣ ба COVID-и тӯлонӣ ва баъзе бемориҳои аутоиммунӣ ба вуҷуд ояд. Аммо ҳатто одамони солим низ ҳангоми серкорӣ ва изтироби зиёд метавонанд онро таҷриба кунанд.
Мутахассис барои коҳиш додани «тумани мағз» чанд тавсияи оддӣ пешниҳод мекунад:
- Ба худ сахтгир набошед ва ба организматон барои барқароршавӣ вақт диҳед;
- Реҷаи муайяни ҳаррӯзаро риоя кунед, то мағз аз қарорҳои пайдарпай хаста нашавад;
- Байни корҳои рӯзона ҳатман 5–10 дақиқа танаффус кунед;
- Барои сабти корҳои муҳим аз тақвим ва ёдраскунакҳои телефон истифода баред.
Ғайр аз ин, доктор Тарака ба панҷ одати муҳим барои фаъолияти хуби майна таъкид мекунад: хоби кофӣ (7–9 соат), нӯшидани оби кофӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, истеъмоли ғизои солим ва кам кардани стресс.
Коршиносон хотиррасон мекунанд, ки агар чунин ҳолат муддати тӯлонӣ идома ёбад ё ба зиндагии ҳаррӯза халал расонад, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.