Дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Ларзиши замин дар 9 ноҳияи пойтахт эҳсос гардид.

Дар ҳудуди Ӯзбекистон имрӯз, 31 июл, соати 16:13 заминларза бо қувваи 2,8 магнитуда ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги сейсмопрогнозӣ хабар дод.
Тибқи маълумот, манбаи заминларза дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ҷойгир буда, дар чуқурии 5 километр рух додааст. Координатаҳои он 41,32 дараҷаи арзи шимолӣ ва 69,11 дараҷаи тӯли шарқӣ мебошанд.
Шиддати эҳсоси заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин сабт шудааст:
ноҳияи Учтепа — 3 балл (6 км);
ноҳияи Шайхонтоҳур — 2–3 балл (8 км);
ноҳияи Чилонзор — 2–3 балл (9 км);
ноҳияи Зангиота — 2–3 балл (11 км);
ноҳияи Олмазор — 2 балл (10 км);
ноҳияи Яккасарой — 2 балл (13 км);
ноҳияи Сергели — 2 балл (15 км);
ноҳияи Миробод — 2 балл (15 км);
ноҳияи Юнусобод — 2 балл (15 км).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: