Ваҳдати миллӣ – неруи пешбарандаи рушди Ӯзбекистони Нав

Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии «Дӯстӣ», ки рӯзҳои 23-31-уми июли соли ҷорӣ дар кишварамон шуда гузашт, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – неруи пешбарандаи рушди Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид.

Дар анҷуман, ки дар «Маркази тамаддуни исломӣ»-и Тошканд баргузор шуд, роҳбарони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳамватанони хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, марказҳои миллии фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ иштирок карданд.

Анҷуманро раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Қ. Сариев ифтитоҳ бахшид. Ӯ таъкид намуд, ки тақвияти ваҳдати миллӣ, нигоҳ доштани фазои мусолиҳаи байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ дар Ӯзбекистони Нав яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Тавре ки қайд карда шуд, имрӯз дар Ӯзбекистон намояндагони беш аз 130 миллат ва гурӯҳҳои этникӣ дар сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунанд ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди кишвар ифодаи амалии ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар рафти конфронс масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангии байнимиллӣ дар ҷомеа, таҳияи механизмҳои муосири дипломатияи ҷамъиятӣ, густариши ҳамкорӣ бо ҳамватанони хориҷӣ ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ муфассал баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, дар бораи асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии тақвияти ваҳдати миллӣ дар Ӯзбекистони Нав, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар рушди муносибатҳои байнимиллӣ, беҳтар кардани муносибатҳо бо ҳамватанони хориҷӣ ва нақши дипломатияи ҷамъиятӣ дар тақвияти имиҷи мусбати Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ маърӯзаҳо шунида шуданд. Конфронс бо ду ҷаласаи зербахш идома ёфт, ки дар он гузоришҳои илмӣ, андешаҳо ва пешниҳодҳои коршиносон дар мавзӯъҳои «Тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳамоҳангии байнимиллӣ дар Ӯзбекистони Нав» ва «Нақши дипломатияи ҷамъиятӣ дар сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои ҳамкорӣ бо ҳамватанон» баррасӣ шуданд.

– Албатта, дӯстиву бародарӣ неъмати бузург аст. Моро дар Ӯзбекистон хеле хуш пазироӣ намуданд. Ҳақиқатан ҳам ӯзбеку тоҷик як халқеанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд ва аз қадимулайём урфу одат, либос, хӯрокҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллиашон муштараканд. Ҳамаи халқияту миллатҳои гуногуни Ӯзбекистонро, ки мақсаду орзуву ниятҳояшон дӯстӣ, муҳаббат ва осмони софу беғубор аст, бо ҷашнвораи «Дӯстӣ» аз номи дӯсту бародарони Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям, – гуфт дар рафти суҳбат намоянда аз Ҷамъияти дӯстии вилояти Хатлони Тоҷикистон Роҳинисо Раҳмонбердиева.      

– Ҳамсояи ман пиразани 82-сола, ки мансуб ба миллати тотор буд, ба наздикӣ аз олам чашм пӯшид. Духтараш дар Русия истиқомат мекард. Сокинони  маҳаллаамон аз русу тотор, қазоқу тоҷику ӯзбек иборатанд. Дастҷамъона ва бо ҳалимиву саховатпешагӣ пиразанро ба хок супурдем ва маросимҳояшро гузарондем. Чунин таҳаммулпазириву инсондӯстӣ дар кишварамон бардавом бошад, – мегӯяд профессори кафедраи методика ва назарияи таълими томактабии Донишгоҳи Педагогии Миллии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ, барандаи нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» Зӯҳро Раҷабова.    

Дар хотима, иштирокчиёни конфронс ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангии байнимиллӣ ва таҳаммулпазириро минбаъд тақвият дода, муносибатҳоро бо ҳамватанони хориҷӣ инкишоф диҳанд, механизмҳои дипломатияи ҷамъиятиро такмил диҳанд.

Тавре ки қайд гардид, чунин гирдиҳамоиҳо барои таҳияи ғояи ваҳдати миллӣ дар асоси илмӣ, мубодилаи таҷриба ва пешбурди ташаббусҳои дахлдор хидмат хоҳад кард.

Дар поёни чорабинӣ ба як гурӯҳ намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» ботантана супурда шуданд.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Суратгир: Ф. АБДУРАСУЛОВ (ӮзА).

ВаҲдати миллӣ – неруи пешбарандаи рушди Ӯзбекистони Нав

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: