Боз як иди адабиёт дар "Хиёбони адибон"

  • Боз як иди адабиёт дар
  • Боз як иди адабиёт дар

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо дар толори калони Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон вохӯрии эҷодӣ ва рӯнамоии китобҳо ба забонҳои гуногун баргузор гардид.

 

РӮНАМОИИ КИТОБҲО

Муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки намояндагони миллатҳои гуногун, ки асрҳо боз дар ин сарзамин зиндагии осоишта доранд, имрӯз низ барои ободии Ватани муштарак бо ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ талош меварзанд. Онҳо якҷо ёдгориҳои меъморӣ, осори фарҳангӣ ва арзишҳои маънавиро меофаранд. Ба гуфтаи ӯ, ибораи пурмаънои «Дӯстии халқҳо — дӯстии адабиётҳо» имрӯз мазмуну аҳамияти тоза пайдо кардааст.

Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлис Сироҷиддин Саййид ва раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Қаҳрамон Сариев зимни суханронӣ зикр намуданд, ки дӯстиву ҳамкории халқҳои минтақа аз имтиҳонҳои таърих бо сарбаландӣ гузашта, махсусан дар ҳафт-ҳашт соли охир бо талошҳои роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Онҳо таъкид карданд, ки дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳли қалам, новобаста аз мансубияти миллӣ, саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси иттиҳодияи этномадании «Эҷодкор»-и ӯзбекони Қазоқистон Зокирҷон Муъминҷонов ва дигар иштирокдорон аз густариши равобити адабӣ, тарҷума ва нашри асарҳои бадеӣ ба забонҳои гуногун ҳамчун саҳифаҳои нави китоби дӯстии халқҳо ёдовар шуданд. Ба чорабинӣ шеърхонӣ бо забонҳои гуногун ҳусни тоза бахшид.

Дар ҷараёни ҳамоиш китобҳои тозанашри Асадулло Исмоилзода «Хаёл варраги», Галина Долгая «Все, что судьбой предрешено», Қосимхон Бегманов «Улуғдала сабоси» ва Мереке Қулкенов «Шодлик» рӯнамоӣ шуданд.

Дар қатори ин осор маҷмуаи «Саҳарнам»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ низ ҷойгоҳи махсус дошт. Ин китоб аз ҷониби нашриёти «Элнур Принт»-и шаҳри Тошканд ба табъ расида, рӯнамоии он ба яке аз рӯйдодҳои хотирмони маҳфил табдил ёфт.


ВОХӮРӢ БО ФАРЗОНА

Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид меҳмони гиромӣ — устод Фарзонаро самимона хайрамақдам гуфта, ӯро ба саҳна даъват намуд. Дар фазои гарму пурмуҳаббат ба шоираи маъруф гулдастаҳо ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардиданд.

Муҳаққиқон Олимҷон Давлатов ва Хусрави Саъдулло ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ дар бораи зиндагӣ, роҳи эҷодӣ, нақши Фарзона дар рушди адабиёти тоҷик ва ҷойгоҳи баланди ӯ дар ҷаҳони шеъри форсӣ сухан гуфта, намунаҳое аз маҷмуаи «Саҳарнам» қироат карданд.

Фарзона низ дар суханронии худ аз пайвандҳои азалӣ ва абадии тоҷикону ӯзбекон бо самимияти хос ёд кард ва дубайтии тозаи худро қироат намуд:

Ду дарё раҳ ба раҳ бо ҳам равон аст,

Чу дунё сахт пир асту ҷавон аст.

Агар тоҷик сухан гӯяд ба ӯзбек,

Муҳаббат дар миёна тарҷумон аст.

Сипас шоира гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо забони ишқ сухан мегуфт ва аз ҳамин ҷиҳат ҳар инсон, новобаста аз миллат, ӯро дарк мекард. Ба андешаи ӯ, тоҷикону ӯзбекон низ бо забони муҳаббат бо ҳам ҳарф мезананд ва миёни онҳо ба тарҷумон эҳтиёҷе нест.

Фарзона аз шахсе ёдовар шуд, ки модараш ӯзбек ва падараш тоҷик будааст. Ӯ яке аз онҳоро дил ва дигареро ҷон мехондааст. Ба таъбири шоира, тоҷику ӯзбек низ мисли дилу ҷон аз ҳам ҷудонопазиранд. Ба вуҷуд омадани чунин хонадонҳои омехта далели равшани қаробати таърихии ду халқ аст.

Ӯ ҳамчунин аз густариши ҳамкориҳои адабӣ дар солҳои охир ёдовар шуда, гуфт, ки имрӯз осори адибони Тоҷикистон дар Тошканд ва асарҳои нависандагони Ӯзбекистон дар Душанбе бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пайваста ба нашр мерасанд. Ин раванд дӯстии мардумони ду кишварро боз ҳам таҳким мебахшад.

Маҷмуаи «Саҳарнам», ки бо ташаббуси Маркази мадании тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр шудааст, барои дӯстдорони каломи порсӣ туҳфаи арзишманд мебошад. Дар аннотатсияи китоб омадааст: «Бо мутолиаи ҳар байт ва ҳар мисраи ин суханвари нотакрор метавон ба андешаи тоза ва бозёфти шоирона рӯ ба рӯ шуд». Ба ростӣ, ҳар сафҳаи китоб хонандаро ба тааммул, шигифтӣ ва лаззати маънавӣ мебарад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳанӯз соли 2017 маҷмуаи ашъори Фарзона таҳти унвони «Ишқ тасбеҳи» бо забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Одил Икром ба табъ расида буд. Бо ин васила шоира миёни хонандагони ӯзбек низ маҳбубияти зиёд касб кардааст.

Фарзона ба мутарҷими маъруф Одил Икром, ки осори ӯ ва ҳамсараш Озарахшро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, изҳори сипос намуда, махсусан заҳмати ӯро дар тарҷумаи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баланд арзёбӣ кард.

Шоира ҳамчунин аз эҷодкорони ҳавзаи форсизабони Ӯзбекистон — Паймон, Абдулло Субҳон, Юнуси Имомназар, Шоқаҳҳор Салим, Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Саодат Сангинова бо эҳтиром ёд карда, таъкид намуд, ки онҳо дар ин сарзамин чароғи каломи тоҷикиро фурӯзон нигоҳ дошта, «гавҳари тоҷикиро суфта мекунанд».

Дар идомаи сухан Фарзона ин рубоии форсии Алишери Навоиро қироат кард:

Ҳарчанд ҷудо зи қиблаи кӯи туям,

Вобастаи меҳроби ду абрӯи туям.

Бо ҷон гӯям дуои ҷонат ҳама умр,

То ҷон дорам, фақат дуогӯи туям.

Осори Фарзона имрӯз аз доираи адабиёти миллӣ фаротар рафтааст. Китобҳо ва силсилаашъори ӯ дар Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Бритониёи Кабир, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Сурия ва кишварҳои дигар ба нашр расида, бо ҷоизаҳои бонуфуз қадрдонӣ шудаанд.

Дар анҷоми маҳфил устод Фарзона ғазали худро, ки бо мисраи «Азизам, ба номат салому муҳаббат» оғоз меёбад, қироат кард. Шеъри ӯро ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Фарзонаро хоҳаронаш — Муаззама Хоҷаева, омӯзгори математика ва Матлубаи Мирзоюнус, доктори илмҳои филологӣ, профессор, ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳузури онҳо низ ба маҳфил фазои гарму хонаводагӣ бахшид.

Пас аз анҷоми чорабинӣ мухлисони сершумор гирди шоираи маъруф ҷамъ омада, аз ӯ дастхат ва ёдгорӣ гирифтанд.

Бешак, ин вохӯрии гарму самимӣ бо устод Фарзона ва хоҳаронаш барои ҳамаи иштирокдорон як рӯйдоди фаромӯшнопазир гардид ва бори дигар собит сохт, ки адабиёт беҳтарин пули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳост.

 

Муҳаммадҷон ШОДӢ,

шаҳри Тошканд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: