Ҳангоми гайморит (варами пардаи луобии ду тарафи бинӣ)
4 дона сирпиёзро майда карда, ба болояш ним пиёла оби ҷӯш резед ва буғи онро 5–10 дақиқа нафас кашед.
Ҳангоми қаросон (гангрена)
Истифодаи тухми турб бо сирко барои қаросон (гангрена) фоида дорад, инчунин ҳолати пӯстро низ хуб менамояд.
Ҳангоми кар шудан (нуқс дар шунавоӣ)
Агар бинобар пирӣ қобилияти шунавоӣ паст шавад, равғани рӯбоҳро гарм карда, 3 қатра ба гӯш чаконед, фоидаи хуб медиҳад.
Ҳангоми дарди меъда
Ҳангоми дарди меъда (гастрит) рӯзе се маротиба 2 қошуқӣ нӯшидани оби тару тозаи ҷаъфарӣ (петрушка) фоида дорад.
Ҳангоми паст будани гемоглобин
1 дона лимӯ, ним истикон асал, 0,5 кг мавиз ва чормағзро аз гӯштқимакунак гузаронида, хуб омехта мекунанд. Аз ин омехта ҳар субҳ, пеш аз наҳорӣ, 1 қошуқӣ истеъмол менамоянд. Табобат то тамом шудани омехта идома меёбад.
Ҳангоми табхол (герпес)
Рӯзе 2–3 маҳал, пеш аз хӯрок, як қошуқи чой шарбати сабр (алоэ) истеъмол кунед. Ҳамчунин, ҷойҳоеро, ки табхол баромадааст, бо шарбати алоэ пок кардан тавсия мешавад. Муддати табобат – 2 ҳафта.
Агар гиҷҷа бошад
1 дона сирпиёзро тоза карда, дар 1 пиёла об дар оташи паст 10 дақиқа ҷӯшонед. Сипас аз дока гузаронед. 1 қошуқи чой гиёҳи майдашудаи явшон (шувоқ)-ро ба 1,5 пиёла об андохта, 2 дақиқа меҷӯшонанд ва хунук мекунанд. Баъд аз дока мегузаронанд. Ин ду маҳлулро омехта, ба бемор ҳуқна (клизма) мекунанд. Омехтаро пеш аз истифода, дар зарфи пӯшида аз 4 дақиқа то 1 соат нигоҳ доштан лозим аст.
Ҳангоми фишорбаландӣ (гипертония)
20 дона сирпиёз, 5 дона пиёзи тоза (на он қадар калон), 5 дона лимӯ ва 1 кг шакарро хуб омехта, аз болояш 2 литр оби ҷӯши сардшударо ҳамроҳ намоед. 2-3 рӯз дар ҷойи торик ва дар ҳарорати хона нигоҳ доред. Омехтаро аз дока намегузаронанд.
Дар як рӯз 3 маҳал – 20 дақиқа пеш аз хӯрок 1 қошуқӣ истеъмол мекунанд.
Ҳангоми фишори пасти хун (гипотония)
Гипотония – паст шудани фишори хун мебошад, ки онро бо истеъмоли пӯсти зиёди лимӯ метавон табобат кард.10 дона пӯсти лимӯ ва тақрибан 250–330 грамм шакар гиред. Пӯсти лимӯро дар шакли қаламча – борики дароз пора карда, шакар пошед ва 1 шабонарӯз нигоҳ доред.
Пӯсти лимӯи шакардорро метавон ба миқдори дилхоҳ истеъмол кард.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.