ДАРВОЗАИ РАШОМОН

Ин ҳодиса рӯзе ҳангоми ғуруб рух дод. Хидматгоре зери дарвозаи «Рашомон» то қатъ гардидани борон паноҳ гирифта буд.

 

Зери дарвозаи васеъ ба ҷуз ӯ ҳеч кас набуд. Танҳо рӯйи сутуни гирд ва ғафсе, ки ранги локии сурхаш ҷо-ҷо парида аст, чирчираке нишаста буд. Аз он ҷо, ки дарвозаи Рашомон дар хиёбони пуррафтуомади Сузаку воқеъ шудааст, маъмулан бояд чандин зан ва марди ҷавон бо кулоҳҳои хасини «итимагаcа» ва «мумибӯйи» он ҷо паноҳ мегирифтанд, аммо ба ҷуз он хидматгор, нафаре он ҷо набуд.

Сабаб ин буд, ки тайи ду-се соли ахир, балоҳои пайдарпай бар сари  Киото фурӯ рехта буд: як бор заминларза, бори дигар тӯфон, гоҳе оташсӯзӣ ва гоҳе қаҳтӣ. Ба ин тартиб, пойтахт ба шакли ғайриодӣ харобу матрук шуда буд.

Бар асоси солномаҳои куҳна, кор ба ҷое расида буд, ки мардум ҳайкалҳои Буддо ва ашёи муқаддасро мешикастанд ва чӯбҳои лаккорӣ ва тиллокоришударо дар кунҷи кӯча ҷамъ оварда, ба ҷойи ҳезум мефурӯхтанд.

Бо чунин вазъ, табиист, ки дигар касе ба нигоҳубини дарвозаи Рашомон аҳамият намедод. Рӯбоҳу гӯрканҳо (ҷонвар) дар он ҷо лона карда буданд. Дуздон низ он ҷо зиндагӣ мекарданд. Дар ниҳоят, ҳатто расм шуда буд, ки ҷасадҳои беномро ба он ҷо оварда партоянд. Биноан, ҳангоми ғуруби офтоб, фазо чунон ваҳмангез мешуд, ки касе ҷуръат намекард ба он наздик шавад.

Ба ҷойи он, зоғҳои бешуморе аз ҷое номаълум ба он ҷо ҷамъ мешуданд. Дар тӯли рӯз, онҳо бо қар-қари худ бар фарози қуббаи баланд парвоз мекарданд ва давр мезаданд. Ҳангоми ғуруб, вақте осмон бо сурхии шафақ медурахшид, паррандагон дар миёни он мисли донаҳои кунҷиди пароканда ба назар мерасиданд.

Зоғҳо, албатта, барои нӯл задан ба ҷасадҳо ба табақаи болои дарвоза меомаданд. Аммо ин дафъа, шояд ба сабаби дер шудани вақт, ҳатто як зоғ ҳам дида намешуд. Танҳо рӯйи зинаҳои сангини нимавайрон, ки дар шикофҳояшон алафҳои баланд рӯйида буд, ҷо-ҷо сафедии пасмондаҳои хушкшудаи зоғҳо ба чашм мерасид.

Хидматгор, ки либоси кабуди куҳна ба тан дошт, рӯйи зинаи охирин нишаста буд. Ӯ пайваста ба доначаи рӯйи гунаи росташ даст мерасонд ва бо нигоҳи парешон ба борон менигарист.

Болотар гуфта  будем: «Хидматгор мунтазир монд то борон қатъ гардад». Аммо ҳақиқат ин буд, ки ҳатто агар борон ҳам суст мешуд, ӯ ҷое барои рафтан надошт. Дар шароити одӣ, табиист, ки ӯ бояд ба назди хоҷаи худ бармегашт. Аммо он хоҷа чанд рӯз пеш ӯро аз кор ронда буд.

Тавре гуфта шуд, дар он замон Киото ба шакли ғайриодӣ  вайрон шуда буд. Ин, ки хоҷае хизматгори солҳо барояш хидматкардаи худро биронд, танҳо як намунаи хурди он вайронии умумӣ буд. Бинобар ин, шояд дурусттар мебуд бигӯем, на «хидматгор мунтазири қатъи борон буд», балки «хидматгори  борон ба зери дарвоза ронда ноилоҷ нишаста буд ва намедонист куҷо равад».

Ба ҷуз ин, обу ҳаво низ ба рӯҳияи ӯ таъсир мекард. Ҳеч нишонае набуд, ки борони дар охири рӯз оғозгардида ба зудӣ қатъ шавад. Ва ҳамин тавр, хидматгор дар ҳоле ки дар бораи он фикр мекард, ки чӣ гуна ҳадди ақал рӯзи фардоро зинда бигузаронад, ба садои борони рехтаистодаи кӯчаи Сузаку гӯш медод.

Борон дарвозаро фаро гирифта буд ва бо садои пайваста аз дур наздик мешуд. Торикии шаб осмонро ҳар лаҳза пасттар менамуд, чунон ки агар касе ба боло нигоҳ мекард, чунин ба назар мерасид, ки сақфи дарвоза бо сутунҳои худ абрҳои сиёҳро бар дӯш гирифтааст.

Барои он ки тавонад ба ҳар тарз аз уҳдаи вазъияте, ки ҳеч роҳе надошт, барояд, дигар имкони интихоб вуҷуд надошт. Агар мехост ба ахлоқ пойбанд бимонад, танҳо як роҳ боқӣ мемонд: аз гуруснагӣ дар канори девор ё дар кӯча бимирад ва баъд ҷасадашро ба ҳамин ҷо, ба болои дарвоза биёранд ва мисли як саг партоянд. Аммо агар намехост пойбанд бимонад...

Фикрҳои хидматгор борҳо аз ин роҳ гузашта, ба як нуқта мерасиданд. Аммо «агар» ҳамоно «агар» боқӣ мемонд. Бо вуҷуди он ки ӯ қабул карда буд,  барои зинда мондан набояд дар интихоби роҳ сахтгир бошад, ҳанӯз ҷуръати онро надошт, ки натиҷаи ин фикрро дар амал қабул кунад: яъне дузд шудан.

Хидматгор атса зад ва хаста аз ҷо бархост. Дар Киотои он замон, сармои шомгоҳ чунон сӯзанда буд, ки инсон орзуи оташдон мекард. Шамол ҳамроҳи торикӣ миёни сутунҳои дарвоза озодона мегашт. Чирчираке, ки пештар рӯйи сутуни сурх нишаста буд, дигар нопадид шуда буд.

Хидматгор дар ҳоле ки гарданашро ба миёни китфҳояш кашида, дар кимоно (либоси остинаш фарохи ҷопонӣ)-и кабудаш боло бурда буд, ба атроф нигарист. Бо худ андешид: агар ин ҷо ҷое ёбад, ки битавонад бидуни тарс ва дур аз чашми дигарон бихобад, арзанда аст шабро ҳамин ҷо гузаронад.

Ҳамон лаҳза, ба бахташ, зинапояи паҳнеро дид, ки ба табақаи болои дарвоза мебурд. Он ҷо танҳо мурдаҳо буданд. Хидматгор, дар ҳоле ки шамшерашро нигоҳ медошт, то аз ғилоф наафтад, пойи худро ба зинаи аввал гузошт.

Чанд дақиқа гузашт. Дар миёнаи зинапоя, марде мисли гурба ҷамъ шуда, нафасашро дар сина нигоҳ дошт ва ба боло нигарист. Нуре аз боло меомад ва бар гунаи росташ меафтод – ҳамон гуна, ки доначаи сурхи варамкарда дошт.

Дар аввал ӯ пиндошт, ки он ҷо танҳо мурдаҳо ҳастанд. Аммо вақте чанд зина боло рафт, пай бурд, ки касе дар он ҷо бо чароғе равшан ҳузур дорад...

Илова бар ин, шуълаи ларзони нур пайваста ба ин сӯ ва он сӯ ҳаракат мекард. Ин манзара фавран ба чашм мерасид, зеро нури зард ва тира, дар ҳоле ки меларзид, бар сақфе, ки гӯшаҳояш пур аз тори анкабут буд, мехазид. Дар чунин шаби боронӣ, равшан будани оташ дар бурҷи дарвоза наметавонист беҳуда бошад.

Хидматгор, ниҳоят, бидуни садо, мисли калтакалос, қариб синахез худро ба зинаи охирин расонд. Сипас, дар ҳоле ки тамоми баданашро ба зинапоя часпонда буд, то ҷое  метавонист гардан кашид ва бо тарсу ларз ба дохили бурҷ нигоҳ кард.

Дар дохили бурҷ, ҳамон тавре ки овоза шуда буд, ҷасадҳои зиёде ба шакли парешон рӯйи замин афтода буданд. Аммо азбаски нур танҳо қисми камеро равшан мекард, хидматгор натавонист шумораи онҳоро муайян кунад. Танҳо чизе, ки дид, ин буд, ки дар миёни онҳо ҳам ҷасадҳои урён ва ҳам ҷасадҳои либоспӯш буданд.

Ҷасадҳои занон ва мардон бо ҳам омехта буданд. Ҳамаи онҳо бо даҳонҳои боз ва дастҳои пароканда рӯйи замин хобида буданд, мисли лухтакҳои гилин. Ҳатто шубҳа мекардӣ, ки оё инҳо ягон вақт зинда будаанд ё не. Қисмҳои барҷастаи баданашон, ки бо нури тира равшан мешуд, сояҳоро дар чуқуриҳо сиёҳтар нишон медод. Ҳама чиз дар хомӯшии абадӣ фурӯ рафта буд.

Хидматгор аз бӯйи бади ҷасадҳо, ғайриихтиёр, биниашро гирифт. Аммо дар лаҳзаи дигар, таъсири он манзара чунон сахт буд, ки гӯё ҳисси бӯй карданашро пурра аз даст дод.

 

Аз забони русӣ тарҷумаи

А. СУБҲОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: