Қабл аз шарҳ додан ба мавзӯи асосӣ, бояд зикр кард, ки вокзали роҳи оҳани Қӯқанд, ки ба Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» тааллуқ дорад, яке аз муҳимтарин марказҳои нақлиётии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Ин вокзал ба ҳайси истгоҳи роҳи оҳан ба истилоҳ дар «шаҳри шайхҳо» ва пойтахти собиқ хонигарии Қӯқанд ҷойгир шудааст ва нуқтаи асосии водии Фарғонаро тавассути ағбаи Қамчиқ бо шаҳри Тошканд ва дигар минтақаҳои мамлакат мепайвандад.
Дар солҳои истиқлол соҳаи роҳи оҳани Ӯзбекистон марҳилаи нави рушдро аз сар гузаронд. Аз замони таъсиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» соли 1994 дар самти навсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Имрӯз Ӯзбекистон на танҳо робитаҳои нақлиётии дохилиро тақвият мебахшад, балки дар рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, низ нақши муҳим дорад.
Бояд зикр намуд, ки ба мақсади беҳтар намудани хидматрасонии мусофирон ва афзоиши ҳамлу нақли роҳи оҳан, мутобиқи фармони Президенти мамлакат аз 27 декабри соли 2025 дар водии Фарғона ҳаракати қатораи нави барқӣ ба роҳ монда шуд. Он барои мусофирони зиёд имкониятҳое фароҳам овард, ки назираш қаблан дида нашудааст. Ин қатора шаҳрҳои Қӯқанд, Марғилон, Андиҷон ва Намангонро ба ҳам мепайвандад. Яке аз нахустин мусофирони он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев буд, ки оғози фаъолияти ин масири навро рамзи рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳан арзёбӣ кард.
Қатора бо суръати то 120 километр дар як соат ҳаракат мекунад. Дарозии масир 324 километр буда, шаш вагони он барои интиқоли 586 мусофир пешбинӣ шудааст. Нархи чипта ҳамагӣ 15 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёти байнишаҳрӣ дастрас ва аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст.
Қатора бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, барои мусофирон тамоми шароити заруриро фароҳам меорад. Дар вагонҳо низоми назорати иқлим, кондитсионер, шабакаи ройгони Wi-Fi, портҳои USB барои пур кардани таҷҳизоти электронӣ ва камераҳои назорати видеоӣ насб шудаанд. Барои шахсони дорои маъюбӣ лифтҳои махсус, майдончаҳои васеъ, ҳоҷатхонаҳои мутобиқшуда ва барои интиқоли велосипед ҷойҳои алоҳида пешбинӣ гардидаанд.
Тибқи ҳисобҳо, ин қатора метавонад ҳар рӯз то 1,5 ҳазор ва дар як сол қариб 600 ҳазор мусофирро интиқол диҳад. Ба истифода додани он на танҳо сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётиро беҳтар месозад, балки барои рушди сайёҳӣ ва иқтисоди водии Фарғона низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ташкили меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои хӯрокворӣ дар атрофи истгоҳҳо метавонад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба афзоиши даромади аҳолии маҳаллӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намояд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хидматрасонӣ, аз 30 апрели соли 2026 қатораи байнишаҳрии №6391/6392 дар масири даврии «Қӯқанд – Марғилон – Андиҷон – Намангон – Қӯқанд» ҳар рӯз ба ҳаракат дароварда шуд.
Ба рушди имрӯзаи роҳи оҳани мамлакат солҳои зиёд замина гузошта шудааст. Соли 2001, дар доираи ислоҳоти соҳа, Ширкати давлатии роҳи оҳани Ӯзбекистон ба ҷамъияти саҳҳомии кушода бо саҳмияҳои пурраи давлатӣ табдил дода шуд. Соли 2002 корхонаи «Ӯзжелдорпасс» низ ба ҳамин шакли идоракунӣ гузашт. Баъдан, соли 2015, мутобиқи қарори Президенти мамлакат, ширкат ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфт. Ин ислоҳот имконият дод, ки низоми идоракунӣ такмил ёфта, сармоягузорӣ ва технологияҳои нав ба соҳа ҷалб карда шаванд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳа соли 2011 ба истифода додани қатораи баландсуръати «Афросиёб» дар масири Тошканд – Самарқанд буд. Қатораҳои истеҳсоли ширкати испании Talgo оғози давраи нави нақлиёти баландсуръатро дар Ӯзбекистон гузоштанд ва сифати хизматрасониро ба сатҳи баланд бардоштанд.
Дар водии Фарғона низ корҳои бузурги навсозӣ анҷом дода шуданд. Ҳанӯз моҳи марти соли 2020 дар масири «Қӯқанд – Андиҷон – Қӯқанд» қатораи байнишаҳрии барқӣ ба истифода дода шуд. Барои минтақае, ки беш аз 10 миллион аҳолӣ дорад, чунин низоми нақлиётӣ кайҳо зарур буд.
Дар арафаи ҷашни 29-солагии истиқлолияти давлатӣ корҳои электрификатсияи роҳи оҳани Намангон – Андиҷон бо дарозии 100,6 километр ба анҷом расид. Бо ҳамин, роҳи оҳани ҳалқавии водии Фарғона бо дарозии умумии 331,6 километр пурра барқӣ карда шуд.
Лоиҳа дар се марҳила амалӣ гардид. Дар марҳилаи аввал, соли 2016, қисмати Поп – Қӯқанд – Марғилон – Асака – Андиҷон бо дарозии 186 километр барқӣ карда шуд. Соли 2019 корҳои электрификатсияи қитъаи Поп – Чуст – Тӯрақӯрғон – Раустон – Намангон, ки 45 километр дарозӣ дорад, анҷом ёфт. Дар марҳилаи сеюм бошад, қитъаи Намангон – Андиҷон бо дарозии 100,6 километр мавриди истифода қарор гирифт.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо тамоми роҳи оҳани ҳалқавии водӣ барқӣ гардида, имкониятҳои нав барои ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва боркаш фароҳам омаданд.
Ҳанӯз соли 2020 ду қатораи барқӣ дар масири «Қӯқанд – Марғилон – Андиҷон» ба ҳаракат оғоз карда буданд. Онҳо барои сокинони вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон ба воситаи дастрас, арзон ва бехатари нақлиёт табдил ёфтанд. Вагонҳои муосир дар фасли зимистон гарм ва тобистон салқин буда, бо мониторҳои иттилоотӣ ва курсиҳои бароҳат муҷаҳҳаз буданд.
Қатора масофаи 136-километрро аз Қӯқанд то Андиҷон дар 2 соату 45 дақиқа тай мекард. Нархи чипта низ барои аҳолӣ хеле дастрас буд: то Олтиариқ – 3 ҳазор сӯм, то Марғилон ва Қува – 5 ҳазор сӯм ва то Андиҷон – 7 ҳазор сӯм.
Дар баробари рушди инфрасохтор, таъмиру навсозии қатораҳои барқӣ низ мунтазам анҷом дода мешавад. Айни замон қатораҳое, ки дар масирҳои «Тошканд – Хоҷакент» ва «Тошканд – Гулистон» ҳаракат мекунанд, низ аз таъмири пурра гузаронида мешаванд.
Чанде пеш боз як қатораи нави барқӣ дар масири Тошканд – Бекобод ба истифода дода шуд. Дарозии ин хат 192 километр буда, тибқи пешбинӣ ҳар рӯз то ҳазор ва дар як сол тақрибан 300 ҳазор мусофирро интиқол хоҳад дод. Ба истифода додани он бандшавии роҳҳои автомобилгардро коҳиш дода, истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро густариш мебахшад.
Хулоса, рушди босуръати инфрасохтори роҳи оҳани Ӯзбекистон самараи сиёсати пайгиронаи навсозии соҳаи нақлиёт мебошад. Ба истифода додани қатораҳои барқии муосир на танҳо сатҳу сифати хизматрасонии мусофиронро беҳтар месозад, балки барои рушди иқтисоди минтақаҳо, густариши сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист низ саҳми арзанда мегузорад. Имрӯз сокинони кишвар бо сарфи вақти камтар, арзиши дастрас ва дар шароити бароҳату бехатар аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар мекунанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик».
Вилояти Фарғона.