Ба кормандони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Ӯзбекистон

Дӯстони азиз!

Шуморо – устодони ҳақиқии касби худ, коргарону хизматчиён, бинокорон, муҳандисон, мошинистон, роҳбаладони қаторҳо ва собиқадорони соҳа самимона ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳан самимона табрик мегӯям.

Дар ин ҷашни фархунда мо бори дигар эътироф мекунем, ки шумо бо меҳнати фидокоронаи худ дар таҳкими қудрати иқтисодии Ӯзбекистони Нав, рушди пайгиронаи низоми нақлиёту коммуникатсия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Ислоҳоти густурдае, ки солҳои охир дар ин соҳа амалӣ мегарданд, натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Далели равшани он бунёд ва ба истифода додани зиёда аз 2400 километр роҳи оҳани нав, электриконии беш аз 3000 километр хатҳои роҳи оҳан ва азнавсозии зиёда аз 1100 километр роҳҳои оҳан мебошад.

Дар ин робита, бояд қайд кард, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ хатҳои роҳи оҳан дар масирҳои Самарқанд–Ургут, Байтқӯрғон–Паркент ва Фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ–Хива кашида шуданд, дар қисмати Навоӣ-Бухоро хатти дуюми барқӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонӣ дар як қатор минтақаҳои умедбахш идома доранд.

Ҳамзамон, самаранокии низоми миллии логистика тавассути электриконии самтҳои муҳими Мароқанд – Навоӣ, Бухоро – Урганҷ – Хива, Мискин – Нукус, Қумқӯрғон – Қудуқлӣ, инчунин васеъ намудани иқтидори гузариши истгоҳҳои роҳи оҳан пайваста баланд бардошта мешавад.

Мавқеи рӯзафзуни Ӯзбекистонро ҳамчун маркази нақлиёти  минтақавӣ  ва транзитӣ сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки кишвари моро ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ боз ҳам мустаҳкамтар мепайвандад, инчунин идомаи ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя дар самти рушди инфрасохтори роҳи оҳан равшан нишон медиҳад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хидматрасониҳои нақлиётӣ барои аҳолӣ дар масири Тошканд – Хива – Тошканд қаторҳои нави баландсуръати барқии «Ҷалолиддин Мангубердӣ», ки аз ҷониби ширкати кореягии Hyundai Rotem махсус тарҳрезӣ шудаанд, ба истифода дода шуданд.

Барои фароҳам овардани симои муосири истгоҳҳои роҳи оҳан, навсозии куллии инфрасохтори муҳандисӣ ва хидматрасонӣ, инчунин муҳайё намудани имкониятҳои васеъ барои рушди соҳибкорӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳа низ диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Дар солҳои наздик мо нақшаҳои бузургеро амалӣ хоҳем кард, ки хариди садҳо вагони муосири мусофирбар ва қаторҳои пешрафтаи технологӣ, густариши минбаъдаи инфрасохтори роҳи оҳан ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳоро дар бар мегиранд.

Ман итминони комил дорам, ки мо ҳамроҳи шумо – ҳазорон кормандони меҳнатдӯсти роҳи оҳан, бо такя ба маҳорати баланди касбӣ, донишҳои амиқ, таҷрибаи ғанӣ ва ватандӯстии шумо – ҳатман ба ин ҳадафҳои бузург ноил хоҳем шуд.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо иди касбиатон самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пуршарафатон барои табдил додани роҳи оҳани мамлакат ба низоми боз ҳам муосир, инноватсионӣ ва рақобатпазир, ки қодир аст, дар сатҳи байналмилалӣ муносиб рақобат нишон диҳад, комёбиҳои нав орзу менамоям.

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: