Тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 2 августи соли 2022, бо иштироки Бонки аврупоии таҷдиду рушд, лоиҳаи «Беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ дар ноҳияи Музработи вилояти Сурхондарё тавассути лӯлаи об аз манбаъҳои зеризаминии Шерҷон ва Пошхурт» марҳила ба марҳила татбиқ шуда истодааст.
Арзиши умумии лоиҳа 60,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 50 миллион доллар аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушд маблағгузорӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа солҳои 2022–2028 муайян гардида, ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро ширкатҳои муштараки Libanconsult AGM (Лубнон) ва Hydroplan (Олмон) таҳия намудаанд.
Дар доираи лоиҳа 479,2 километр шабакаи оби ошомиданӣ сохта ва таҷдид гардида, 18 иншооти тақсимоти об бунёд ва навсозӣ мегарданд. Ҳамчунин, сохтмони ду иншооти муосири обгирӣ бо иқтидори умумии 24,3 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз, ҳавзҳои захираи об, чоҳҳо, озмоишгоҳ ва биноҳои назоратӣ пешбинӣ шудааст.
То имрӯз дар доираи лоиҳа ба маблағи 1,3 миллион доллар 26 адад техникаи махсус харидорӣ шудааст. Илова бар ин, барои шабакаҳои магистралии шуъбаи истеҳсол ва тақсимоти оби ошомидании шаҳри Тирмиз ва минтақаи байниноҳиявии Хӯҷаипок низоми геоахборӣ (GIS) таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бо маблағи 2,3 миллион доллар 210 дастгоҳи муосири ҳисобкунии об бо тамоми таҷҳизот дар иншоот ва лӯлаҳои магистралӣ насб гардид.
Пас аз анҷоми пурраи лоиҳа, 57,2 ҳазор нафар сокинони 26 маҳаллаи ноҳияи Музработ бори аввал бо оби ошомидании мутамарказ таъмин мешаванд, инчунин сифати таъминоти об барои 59,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Ба ҷуз ин, дар натиҷаи таҷдиди 18 иншооти тақсимоти об, 40,2 ҳазор нафар сокинони 18 маҳаллаи ноҳияҳои Ҷарқӯрғон, Қумқӯрғон, Деҳнав, Олтинсой ва Шӯрчӣ бори аввал бо оби ошомидани мутамарказ таъмин мешаванд ва таъминоти оби ошомидании 46,9 ҳазор нафар аҳолӣ куллан беҳтар мегардад.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.