Иншооти нави варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Чуст толори нави варзишӣ барои машқу тамрини муҳорибаи дастӣ мавриди истифода қарор гирифт.

 

Маросими ифтитоҳи иншоот дар маҳаллаи Боғормос, ки дар минтақаи доманакӯҳӣ ҷойгир аст, баргузор шуд. Толори варзишӣ мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардида, барои рушди муҳорибаи дастӣ на танҳо дар ноҳияи Чуст, балки дар саросари вилояти Намангон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иншооти нав дорои майдони универсалии варзишӣ бо андозаи 15х30 метр буда, барои варзишгарон утоқҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамаи имкониятҳо барои баргузории машқҳои босифат ва омодагии касбии варзишгарон фароҳам оварда шудаанд.

Лоиҳа дар доираи барномаи «Буҷаи ташаббускор» амалӣ гардида, барои сохтмони он 1 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ ҷудо шудааст. Илова бар ин, Вазорати варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон толорро пурра бо таҷҳизоти муосири варзишӣ таъмин намуд.

Айни замон дар ин толор зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин машғул буда, маҳорати варзишии худро такмил медиҳанд.

Иншооти нав барои дарёфт ва парвариши варзишгарони соҳибистеъдод, омода намудани қаҳрамонони оянда ва муаррифии шоистаи кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар маросими ифтитоҳ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-полковник Баҳодир Тошматов, ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов, муовини вазири варзиш Аваз Каримов, президенти Федератсияи байналмилалии муҳорибаи дастӣ Сергей Астахов, инчунин роҳбарону масъулони соҳа, фаъолони маҳалла ва намояндагони калонсолон иштирок намуданд.

Меҳмонон бо имкониятҳои толори нави варзишӣ аз наздик шинос шуда, аҳамияти чунин иншоотро дар рушди инфрасохтори варзишии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим, ватандӯст ва фаъол махсус таъкид карданд.

 

Шоҳида Даминова,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: