Мактабе, ки фардоро месозад

Дар ҳама давру замонҳо арзиши давлатҳо на танҳо бо сарватҳои табиӣ ва иқтидори иқтисодии онҳо, балки бо сатҳи маърифат ва дониши мардум муайян гардидааст.

Таърих низ исбот кардааст, ҷомеаҳое ба пешрафти устувор ноил шудаанд, ки маорифро меҳвари сиёсати давлатии худ қарор додаанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев рушди соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми ноҳияи Кармана низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати дурбинона мебошад.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Кармана ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, воқеъ дар маҳаллаи «Янгиобод», боздид намуда, бо ҷараёни корҳои таъмири асосӣ ва сохтмони бинои нави таълимӣ шинос гардид. Дар рафти боздид роҳбари вилоят ба масъулони соҳа ҷиҳати риояи сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва муҳайё намудани тамоми шароити замонавӣ барои хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи лоиҳа, бинои мавҷудаи муассиса пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳамзамон барои зиёд намудани иқтидори мактаб бинои нави иловагӣ барои 540 нафар хонанда бунёд мегардад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки шумораи бештари хонандагон дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд.

Президент Шавкат Мирзиёев борҳо таъкид кардааст: «Рушди таълими мактабӣ барои мо ба ҳадафи бузурги умумимиллӣ ва зарурати ҳаётӣ табдил ёфтааст. Маҳз корҳои анҷомдодашаванда дар ин самт ояндаи кишвари моро муайян месозанд».

Ин суханон имрӯз танҳо шиор нестанд, балки дар амал татбиқ мегарданд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, азнавсозии мактабҳои мавҷуда, беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки сифати таълимро ба сатҳи нав мебароранд.

Имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи иқтисоди донишбунёд ворид шудааст. Дар чунин шароит сарвати асосии ҳар як давлат на захираҳои зеризаминӣ, балки сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, ки зиёда аз нисфи рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта маҳз ба ҳисоби рушди сармояи инсонӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф дар асл сармоягузорӣ ба иқтисодиёти фардо мебошад.

Маҳз бо ҳамин мақсад имрӯз дар ноҳияи Кармана корҳои васеи сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, айни ҳол дар 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои таъмири асосӣ, таҷдид ва сохтмони биноҳои иловагӣ идома доранд. Ҳамзамон дар 3 муассисаи томактабӣ низ корҳои азнавсозӣ ва сохтмон босуръат пеш бурда мешаванд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки рушди таълим дар ноҳия хусусияти низомманд гирифтааст.

Чунин лоиҳаҳо танҳо барои афзоиши шумораи синфхонаҳо пешбинӣ нашудааст. Онҳо пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамоянд. Синфхонаҳои барҳаво, таҷҳизоти муосир, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва муҳити солими таълим имкон медиҳанд, ки хонандагон донишҳои замонавиро бо сифати баланд аз худ намоянд. Ҳар як маблағе, ки имрӯз ба рушди мактаб равона мегардад, дар оянда чандин баробар самар медиҳад. Зеро ҷавонони соҳибмаълумот метавонанд иқтисодиётро пеш баранд, технологияҳои навро ҷорӣ созанд ва рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намоянд. Аз ин рӯ, сохтмони мактабҳои навро метавон яке аз муҳимтарин сармоягузориҳои иҷтимоӣ арзёбӣ кард.

Дар баробари ин, навсозии муассисаҳои таълимӣ барои ҳалли мушкилоти дигар низ мусоидат мекунад. Бо зиёд шудани иқтидори мактабҳо масъалаи таҳсил дар бастҳои дуюму сеюм тадриҷан аз байн рафта, сифати таълим боло меравад.

Зимни боздид аз майдони сохтмон ҳокими вилояти Навоӣ таъкид намуд, ки дар корҳои сохтмонӣ набояд ба камбудиҳо роҳ дода шавад. Ҳар як синфхона, ҳар як долон ва ҳар як иншооти ёрирасон бояд ба талаботи меъёрҳои муосири меъморӣ ва таълим ҷавобгӯ бошад. Зеро сухан дар бораи ояндаи фарзандони миллат меравад.

Имрӯз маҳаллаи «Янгиобод» шоҳиди дигаргуниҳои назаррас мебошад. Мактабе, ки чанд моҳ баъд дарҳои худро ба рӯйи хонандагон боз хоҳад кард, барои садҳо кӯдак имкони таҳсил дар муҳити ҷавобгӯ ба стандартҳои муосирро фароҳам меорад. Ин муассиса на танҳо маркази таълим, балки макони тарбияи ватандӯстӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии насли нав хоҳад гардид.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба маориф самараи дарозмуддат дорад. Давлатҳое, ки имрӯз ба рушди мактаб, донишгоҳ ва таҳқиқоти илмӣ маблағгузории бештар мекунанд, фардо дар   иқтисодиёт, технология ва рақобати байналмилалӣ мавқеи пешсафро ишғол менамоянд. Ӯзбекистон низ маҳз ҳамин роҳро интихоб кардааст ва корҳои васеи сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии вилояти Навоӣ далели равшани он мебошанд.

 

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори  «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: