18 шаҳрванди Ӯзбекистон аз ИМА ба Ватан баргаштанд

18 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки бинобар нақзи қонунҳои муҳоҷиратии ИМА ихроҷ шуда буданд, тавассути парвози махсуси чартерӣ ба Тошканд баргардонида шуданд.

Бозгашти онҳо дар натиҷаи ҳамкории мақомоти ваколатдори Ӯзбекистон ва ИМА сурат гирифт. Барои муайян кардани шахсият, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва таъмини бозгашти бехатар тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷират идома дода, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонаш дар хориҷ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: