Ибни Ризо, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Эрон, зимни суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Туркия Яшар Гюлер, кишварҳои исломиро ба қабули мавқеи ягона дар муқобили амалҳои Исроил даъват кард.
Ба иттилои манбаъ, Ибни Ризо дар ҷараёни суҳбат зарурати ташкили низоми ягонаи амниятӣ миёни кишварҳои мусулмонро таъкид карда, изҳор дошт, ки ҳузури неруҳои хориҷӣ дар минтақа ҳамоно яке аз омилҳои асосии нооромӣ дар Ховари Миёна ба шумор меравад.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунии минтақа, иҷрои созишномаи оташбас ва роҳҳои таҳкими ҳамкории низомии дуҷониба миёни Теҳрону Анқараро баррасӣ карданд.