Саида Мирзиёева: Эҳтиром ба ҳаёти дигарон аз кӯдакӣ оғоз меёбад

Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ба тағйироти қонунгузорӣ дар самти пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои муносибати бераҳмона бо ҳайвонот таваҷҷуҳ кард.

Тавре ӯ қайд кардааст, аз 28 июни соли ҷорӣ меъёрҳои нави қонунгузорӣ, ки барои пешгирии муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои чунин кирдорҳо равона шудаанд, ба қувва даромаданд.

Бар асоси тағйироти воридшуда, ҳаҷми ҷаримаҳои маъмурӣ барои муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ду баробар зиёд карда шудааст. Ҳамчунин, вобаста ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба гунаҳкорон то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ шуда метавонад. Дар сурати такроран содир намудани чунин амалҳо, шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҳатто ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардад.

Ба гуфтаи Саида Мирзиёева, чунин меъёрҳои қонунгузорӣ танҳо ба хотири ҷазо додани қонуншиканон қабул намешаванд. Онҳо ҳамзамон арзишҳоеро инъикос мекунанд, ки ҷомеа барои таъмини муҳити солим ва бехатар муҳим медонад.

«Танҳо дар сурате, ки ҳамаи мо нисбат ба зӯроварӣ муносибати оштинопазир дошта бошем, ҷомеаи мо метавонад амн бошад. Ҳар мавҷуди офаридаи Худо арзиш дорад ва сахттар шудани ҷазо барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот ба ташаккули муҳити солим дар ҷомеа мусоидат мекунад», — навиштааст ӯ.

Роҳбари Дастгоҳи Президент таъкид кардааст, ки тарбияи муносибати дуруст ба ҳайвонот бояд аз кӯдакӣ оғоз шавад.

«Мо мехоҳем дар чунин ҷаҳон зиндагӣ кунем ва фарзандонамонро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Эҳтиром ба ҳаёти дигарон аз кӯдакӣ оғоз меёбад. Масъулияти асосӣ дар ин самт бар дӯши падару модарон аст. Маҳз онҳо бояд ба фарзандонашон омӯзонанд, ки озор додани мавҷудоти нотавон ҷоиз нест ва инсон набояд қудрати худро тавассути бераҳмӣ нишон диҳад», — гуфтааст Саида Мирзиёева.

Ӯ аз падару модарон даъват кардааст, ки дар тарбияи фарзандон ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ба онҳо эҳтиром ба ҳаёт ва меҳрубонӣ нисбат ба мавҷудоти зиндаро омӯзонанд.

Саида Мирзиёева ҳамчунин дар саҳифаи худ навори гурбаҳоро нашр карда, онҳоро «кормандони» Дастгоҳи маъмурият – Ялпиз ва Дархон – номидааст.
«Меҳри мо ба онҳо махсус аст», — навиштааст ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: