Имтиҳони миллӣ: маблағ баргардонида ё имтиҳон ройгон мешавад

Агар бо сабаби узрнок дар имтиҳони сертификати миллӣ иштирок карда натавонед, маблағатон баргардонида мешавад. Ё метавонед дар имтиҳони навбатӣ бе пардохти маблағ иштирок кунед.

Сабабҳои узрнок:
беморӣ;
сафари хизматӣ;
вафоти узви оила (бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда).

Диққат: ин қоида ба довталабоне, ки ба имтиҳон дер расидаанд, бе сабаби узрнок ҳозир нашудаанд ё барои вайрон кардани қоидаҳо аз имтиҳон хориҷ шудаанд, татбиқ намегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: