Пас аз паҳн шудани ин ҳолат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони Инспексияи назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мутахассисони ташкилотҳои ҳамкор фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Муайян гардид, ки дар маҳаллаи «Орзу»-и ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд ҳангоми корҳои кофтани котлован барои сохтмони меҳмонхона, дар натиҷаи беэҳтиётии ташкилоти пудратӣ як қисми котлован фурӯ рехтааст.
Айни замон корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодиса идома доранд.