Аз шаҳри Учжуни Чин, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, ба Ӯзбекистон 478 сар чорвои калони шохдор содир карда шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии «Синхуа»-и Чин, аз моҳи ноябри соли 2025 то имрӯз аз шаҳри Учжун ба Ӯзбекистон дар маҷмӯъ беш аз 1700 сар чорвои калони шохдор интиқол дода шудааст, ки қисми зиёди онҳоро говҳои ширдеҳ ташкил медиҳанд.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, тамоми чорвои содиршуда ба талаботи байторию санитарӣ пурра ҷавобгӯ буда, барои ҳар як ҳайвон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи безараргардонӣ ва эмгузаронӣ, инчунин шаҳодатномаи карантинӣ пешниҳод шудааст.
Раёсати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти шаҳри Учжун бартариҳои асосии ин шаҳрро дар содироти говҳои ширдеҳ ба Ӯзбекистон шарҳ додааст. Говҳои ширдеҳи маҳаллӣ бо сермаҳсулӣ ва хусусиятҳои хуби генетикӣ фарқ мекунанд.
Шаҳри Учжун солҳои зиёд дар самти пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятии ҳайвонот меъёрҳои баланди беҳдоштӣ ва эпизоотиро риоя мекунад.
Илова бар ин, иқлими Учжун ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанд аст. Аз ин рӯ, говҳои ширдеҳе, ки дар ин минтақа парвариш меёбанд, ба муҳити табиӣ ва шароити таъмини хӯроки чорво дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар мутобиқ мешаванд.