Яке аз эскалаторҳои гузаргоҳи метрои «Алишер Навоӣ» — «Пахтакор» дубора ба истифода дода мешавад

Яке аз эскалаторҳои гузаргоҳи байни истгоҳҳои метрои «Алишер Навоӣ» ва «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд, ки барои корҳои таъмирӣ муваққатан баста шуда буд, дубора мавриди истифодаи мусофирон қарор мегирад.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо мақсади таъмини хизматрасонии босифат ба мусофирон ва таъмини бехатарии онҳо эскалатори №3-и тамғаи ЭТ-5М, ки дар гузаргоҳи зеризаминии байни истгоҳҳои «Алишер Навоӣ» ва «Пахтакор» ҷойгир аст, аз 21 июл то 17 август барои иваз кардани занҷирҳои кашанда аз истифода боздошта шуда буд.

Корҳои таъмирӣ бо сифати баланд ва пеш аз муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида шуда, занҷирҳои кашандаи эскалатори №3 пурра иваз карда шуданд.

Бинобар ин, эскалатори мазкур аз 5 августи соли ҷорӣ дубора ба истифодаи мусофирон дода мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: