Мушкилоти 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон: чӣ гуна худро аз «бемории хомӯш» муҳофизат кардан мумкин аст?

Остеопороз — бемориест, ки муддати тӯлонӣ бе ягон аломати равшан ҷараён гирифта, устухонҳоро тадриҷан заифу шикананда мегардонад. Тибқи ҳисобҳо, имрӯз дар саросари ҷаҳон тақрибан 500 миллион нафар бо ин беморӣ зиндагӣ мекунанд.

Бофтаҳои устухонии бадани инсон пайваста нав мешаванд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки устухонҳо тамоми умр дар як ҳолат боқӣ мемонанд. Дар асл, пас аз расидан ба синни тақрибан 30-солагӣ мувозинати байни ташаккули устухони нав ва таҷзияи бофтаи кӯҳна тадриҷан тағйир меёбад. Дар натиҷа, зичии устухонҳо дар тӯли солҳо оҳиста-оҳиста коҳиш меёбад.

Ин раванд одатан бо дард ё дигар нишонаҳои равшан зоҳир намешавад. Аз ҳамин сабаб онро аксаран «бемории хомӯш» меноманд. Одам дар бисёр ҳолатҳо танҳо баъд аз он мефаҳмад, ки мушкил дорад, ки дар натиҷаи як афтиши одӣ устухонаш мешиканад. Тибқи маълумоти мутахассисон, имрӯз дар саросари ҷаҳон тақрибан 500 миллион нафар бо остеопороз (шикананда шудани устухонҳо) зиндагӣ мекунанд. Хусусан пас аз давраи менопауза (климакс) коҳиши массаи устухонҳо дар занон суръат мегирад. Аммо ин мушкил танҳо хоси занон нест. Бо зиёд шудани давомнокии умр, остеопороз дар байни мардон низ бештар ба назар мерасад. Табибон таъкид мекунанд, ки дар бораи нигоҳ доштани устухонҳои мустаҳкам бояд на танҳо дар пиронсолӣ, балки аз давраи ҷавонӣ андеша кард. Зеро заминаи асосии ташаккули скелети солим маҳз дар даҳсолаҳои аввали ҳаёт гузошта мешавад.


Чаро устухонҳо заиф мешаванд?

Гарчанде устухонҳо яке аз бофтаҳои мустаҳками бадани инсон ба шумор мераванд, онҳо низ бо гузашти вақт зери таъсири омилҳои гуногун метавонанд заиф шаванд. Ин раванд аксаран оҳиста ҷараён мегирад ва дар аввал ягон нишонаи равшан надорад. Аз ин рӯ, бисёриҳо мушкилоти марбут ба устухонҳоро танҳо пас аз шикастан ё пайдо шудани дарди шадид эҳсос мекунанд.

Ба таъкиди мутахассисон, ба саломатии устухонҳо ҳамзамон синну сол, тағйироти гормонӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, тарзи ғизохӯрӣ ва омилҳои ирсӣ таъсир мерасонанд. Хусусан агар организм муддати тӯлонӣ витаминҳо ва минералҳои заруриро ба миқдори кофӣ қабул накунад, бофтаи устухон тадриҷан зичии худро аз даст додан мегирад. Яке аз бемориҳои бештар паҳншуда остеопороз, яъне шикананда шудани бофтаи устухон мебошад. Ҳангоми ин беморӣ сохтори дохилии устухонҳо сӯрох-сӯрох ва камзич мешавад ва дар натиҷа онҳо нисбат ба пеш хеле нозуктар мегарданд. Ҳатто зарбаи сабук ё як афтиши одӣ метавонад боиси шикасти ҷиддӣ гардад.


Остеопорозро аксаран «бемории хомӯш» меноманд, зеро он метавонад солҳои зиёд бидуни ягон нишонаи равшан идома ёбад. Ба ғайр аз остеопороз, остеопения низ яке аз ҳолатҳои паҳншуда ба ҳисоб меравад. Ин ҳолатест, ки зичии устухон аз меъёр паст шудааст, вале ҳанӯз ба дараҷаи остеопороз нарасидааст. Ба гуфтаи табибон, маҳз дар ҳамин марҳила тавассути ғизои дуруст ва риояи тарзи ҳаёти солим метавон пешрафти бемориро суст кард.

Яке аз омилҳои асосии заиф шудани устухонҳо норасоии калсий ба ҳисоб меравад. Калсий маводи асосии сохтмонии устухонҳост ва ҳангоми кам шудани миқдори он дар организм, бадан ба гирифтани ин минерал аз устухонҳо оғоз мекунад. Ин бо мурури вақт захираи минералии устухонҳоро кам мекунад. Илова бар ин, норасоии витамини D низ яке аз омилҳои ҷиддии хатар ба шумор меравад. Зеро дар сурати набудани витамини D организм калсийи тавассути ғизо гирифташударо ба қадри кофӣ аз худ карда наметавонад. Дар натиҷа, ҳатто дар сурати истеъмоли кофии калсий, фоидаи он барои устухонҳо метавонад кам шавад. Мутахассисон ҳамчунин қайд мекунанд, ки норасоии сафеда, магний, фосфор, витамини K ва руҳ низ ба навшавии бофтаҳои устухон таъсири манфӣ мерасонад. Ин моддаҳо дар ташаккули ҳуҷайраҳои нави устухон, нигоҳ доштани тавозуни минералӣ ва таъмини мустаҳкамии устухонҳо нақши муҳим доранд.
 Илова бар ин, тарзи ҳаёти камҳаракат, тамокукашӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва истифодаи дарозмуддати баъзе доруҳои гормонӣ низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки хатари инкишофи остеопорозро зиёд мекунанд. Хусусан дар занон пас аз давраи климакс коҳиши сатҳи гормони эстроген метавонад боиси зудтар аз даст рафтани массаи устухонҳо гардад. Табибон таъкид мекунанд, ки барои солим нигоҳ доштани устухонҳо такя кардан танҳо ба як витамин ё минерал кофӣ нест. Танҳо дар ҳолате ки организм ҳамаи моддаҳои ғизоии заруриро ба таври мутавозин қабул мекунад, бофтаи устухон метавонад ба таври муътадил нав шуда, мустаҳкамии худро дар тӯли солҳои зиёд нигоҳ дорад.

Барои мустаҳкам нигоҳ доштани устухонҳо кадом маҳсулотро истеъмол кардан лозим аст?
Вақте сухан дар бораи саломатии устухонҳо меравад, аксарияти одамон пеш аз ҳама ширро ба хотир меоранд. Аз кӯдакӣ ба мо тавсия медиҳанд, ки нӯшидани шир устухонҳоро мустаҳкам мекунад. Дар ҳақиқат, шир ва маҳсулоти аз он омодашаванда яке аз беҳтарин манбаъҳои табиии калсий ба ҳисоб мераванд. Аммо таҳқиқоти муосири илмӣ нишон медиҳанд, ки барои нигоҳ доштани устухонҳои қавӣ танҳо истеъмоли шир кофӣ нест. Ба таъкиди мутахассисон, бофтаи устухон яке аз низомҳои фаъоли бадани инсон мебошад. Он пайваста нав мешавад: ҳуҷайраҳои кӯҳна таҷзия шуда, ба ҷойи онҳо ҳуҷайраҳои нав пайдо мешаванд. Барои ба таври муътадил ҷараён гирифтани ин раванд организм ҳамзамон ба якчанд витамин ва минерал ниёз дорад. Агар яке аз онҳо нокифоя бошад, мустаҳкамии устухонҳо тадриҷан коҳиш ёфтан мегирад.

Табибон калсий, витамини D, сафеда, магний, фосфор, руҳ ва витамини K-ро ба қатори муҳимтарин моддаҳои ғизоӣ барои саломатии устухонҳо дохил мекунанд. Агар калсий «маводи асосии сохтмонӣ»-и устухонҳо бошад, витамини D ба ҷабби он дар рӯдаҳо мусоидат мекунад. Сафеда дар ташаккули бофтаҳои нави устухон аҳамияти муҳим дорад. Магний ва фосфор барои нигоҳ доштани тавозуни таркиби минералии устухонҳо хизмат мекунанд. Витамини K барои фаъолияти муътадили сафедаҳои мустаҳкамкунандаи бофтаи устухон зарур буда, руҳ дар ташаккули ҳуҷайраҳои нав иштирок мекунад.


Аз ин рӯ, мутахассисон барои ҳифзи устухонҳо тавсия медиҳанд, ки на ба як маҳсулот такя карда, балки ба ғизои мутавозине риоя карда шавад, ки маҳсулоти гуногуни ғизоиро дар бар гирад. Дар чунин ғизо бояд мунтазам шир ва маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти соя, моҳии равғандор, лӯбиёгиҳо, тухмӣ, чормағз, сабзавоти баргии сабз ва баъзе меваҳо мавҷуд бошанд. Масалан, шир, йогурт ва панир организмро бо калсий ва сафеда таъмин мекунанд. Дар таркиби маҳсулоти соя пайвастагиҳои табиии растанигӣ, ки изофлавонҳо ном доранд, мавҷуданд. Онҳо метавонанд дар организм таъсири ба баъзе вазифаҳои гормони занона — эстроген — монанд дошта бошанд.

Олимон таъкид мекунанд, ки махсусан баъд аз давраи климакс ин пайвастагиҳо метавонанд ба нигоҳ доштани зичии устухонҳо мусоидат кунанд. Моҳии равғандор, аз қабили сардина ва лосос, дар баробари калсий инчунин витамини D ва сафедаи босифат медиҳад. Тухмиҳои чиа ва кунҷит аз магний ва фосфор бой буда, анҷир ва қоқи хушк тавассути антиоксидантҳо ва минералҳо метавонанд ба суст шудани фарсудашавии бофтаи устухон мусоидат кунанд. Мушоҳидаҳои илмӣ низ тасдиқ мекунанд, ки ғизои мутавозин ва аз моддаҳои ғизоии зарурӣ бой дар нигоҳ доштани саломатии устухонҳо дар дарозмуддат нақши муҳим дорад. Масалан, дар ҷараёни як таҳқиқоти дусола, ки дар он 7 195 нафар сокинони хонаҳои пиронсолон дар Австралия иштирок карданд, муайян шуд, ки дар байни иштирокчиёне, ки ба ғизои онҳо бештар маҳсулоти ширӣ ворид карда шуда буд, хатари афтидан 11 фоиз ва хатари шикастани устухони рон 46 фоиз кам шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, эҳтимол дорад, ки таъсири якҷояи калсий ва сафеда сабаби ин натиҷа бошад.

Албатта, гирифтани ҳамаи моддаҳои фоиданок дар як рӯз ё аз як маҳсулот имконнопазир аст. Аз ин рӯ, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ғизои ҳаррӯза маҳсулоти гуногун бо ҳам мувофиқ карда шаванд.
 Маҳз ғизои гуногун ва мутавозин яке аз омилҳои муҳимтарини нигоҳ доштани мустаҳкамии устухонҳо, суст кардани коҳиши зичии онҳо бо гузашти синну сол ва кам кардани хатари остеопороз (шикананда шудани устухонҳо) ба ҳисоб меравад.

Ҷанбаҳои дигаре, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ кард

Ба андешаи мутахассисон, саломатии устухонҳоро танҳо тавассути ғизои дуруст нигоҳ доштан мумкин нест. Ҳарчанд гирифтани витаминҳо ва минералҳои зарурӣ барои организм муҳим аст, таъсири самараноки онҳо ба бофтаи устухон аз тарзи ҳаёти инсон низ вобастагии зиёд дорад. Фаъолияти ҷисмонӣ, махсусан машқҳое, ки вазни бадан ба устухонҳо меафтад, яке аз роҳҳои самараноки мустаҳкам кардани устухонҳо ба ҳисоб меравад. Қадамзанӣ, аз зинапоя баромадан, давидан, рақс кардан ё машқҳои қуввагӣ боиси навшавии бофтаи устухон мешаванд. Мутахассисон инро «вокуниши устухон ба сарборӣ» меноманд. Ба ибораи одӣ, ҳар қадар устухон бештар фаъолият кунад, ҳамон қадар кӯшиш мекунад худро фаъолтар барқарор кунад.

Ҳамзамон, нури офтоб низ барои устухонҳо омили муҳим мебошад. Организм қисми асосии витамини D-ро маҳз зери таъсири нури офтоб ҳосил мекунад. Ин витамин бошад, ба ҷабби калсий дар рӯдаҳо мусоидат мекунад. Агар витамини D нокифоя бошад, на ҳамаи калсийи тавассути ғизо гирифташуда аз ҷониби организм аз худ карда мешавад.


Табибон инчунин тавсия медиҳанд, ки аз одатҳои зараровар даст кашида шавад. Тамокукашӣ ва истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳои спиртӣ метавонанд фарсудашавии бофтаи устухонро тезонда, ташаккули ҳуҷайраҳои нави устухонро суст кунанд. Илова бар ин, вазни аз меъёр кам, муддати дароз беҳаракат мондан ва бе назорати табиб истеъмол кардани баъзе доруҳо низ метавонад ба саломатии устухонҳо таъсири манфӣ расонад.

Як ҷиҳати дигари муҳим ин аст, ки остеопороз дар аксари ҳолатҳо бо дард оғоз намешавад. Бисёриҳо танҳо баъд аз он мефаҳманд, ки ба ин беморӣ гирифторанд, ки дар натиҷаи як афтиши одӣ устухони даст, банди даст, сутунмӯҳра ё ронашон мешиканад. Аз ин рӯ, мутахассисон ба шахсони ба гурӯҳи хавф дохилшаванда, бахусус занон ва мардони аз 50-сола боло, тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати зарурӣ зичии минералии устухонҳояшонро мунтазам санҷанд.

Тибқи ҳисобҳои олимон, бо гузашти ҳар даҳсолаи ҳаёт массаи устухонҳо тадриҷан кам мешавад. Аммо ҳарчанд пурра боздоштани ин раванд имконнопазир бошад ҳам, онро метавон ба таври назаррас суст кард. Ғизои мутавозин, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ, истифодаи оқилонаи нури офтоб ва тарзи ҳаёти солим ба нигоҳ доштани мустаҳкамии устухонҳо дар тӯли солҳои зиёд мусоидат мекунанд.

Ҷолиб он аст, ки ҳарчанд скелети инсон аз 206 устухон иборат мебошад, ин устухонҳо тамоми умр дар як ҳолат боқӣ намемонанд. Қариб ҳамаи бофтаҳои устухонии организм тақрибан дар ҳар 10 сол як маротиба қариб пурра нав мешаванд. Яъне скелети имрӯзаи шумо бо скелети даҳ соли пеш яксон нест. Ғизо ва тарзи ҳаёт муайян мекунанд, ки устухонҳои шумо дар оянда чӣ гуна хоҳанд буд. Аз ин рӯ, ғамхорӣ дар бораи саломатии устухонҳо бояд на танҳо дар пиронсолӣ, балки маҳз аз имрӯз оғоз шавад.

Эъзозбек Ҳамидов омода кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: