Гиря накун, ҷонаки модар!

— Илҳомҷон ҳоло ҳафтсола аст. Худо хоҳад, имсол ба мактаб меравад, — бо ҳамин сухан оғоз мекунад модари Илҳомҷон.

— Ӯ фарзанди дуюми мост. Бародараш имсол синфи чорумро хатм кард. Худоро шукр, ки сиҳату саломат аст. Вақте фарзанд ба дунё меояд, дар ҷаҳон аз падару модараш хушбахттар касе нест. Ҳар касе, ки соҳиби фарзанд шудааст, ин хушбахтиро ба таври худ эҳсос мекунад, аммо эҳсоси ҳамагон қариб яксон аст: дар чунин лаҳза падару модар худро гӯё дар осмонҳо парвозкунанда эҳсос мекунанд.

Мо низ ҳамин гуна будем. Гарчанде Илҳомжон фарзанди дуюмамон буд, аз таваллуди ӯ ҳатто бештар аз замони ба дунё омадани фарзанди авваламон шод шудем. Бори дигар ба ин ҳақиқат имон овардам, ки ҳар фарзанд бо ризқи худ ба дунё меояд.

Вақт мисли оби равон мегузашт. Ҳама чиз мувофиқи одат буд. Аммо бо гузашти вақт диламро як ташвиш фаро гирифт. Илҳомжон садоҳоро зуд пай мебурд, вале ман эҳсос мекардам, ки ба ашёи пеши чашмаш он қадар аҳамият намедиҳад.

Вақте инро ба шавҳарам гуфтам, маро сарзаниш карда гуфт:

— Ваҳм накун, бачаат сиҳату саломат аст-ку!

Пас аз ду-се рӯз хушдоманам худашон гуфтанд, ки бояд чашмони Илҳомжонро ба духтур нишон диҳем. Рафтем. Ҳамон воқеае рӯй дод, ки аз он метарсидам: духтури шиносамон гуфт, ки дар чашмони ҷигарбандаам гӯё пардае пайдо шудааст ва аз ҳамин сабаб чашмонаш намебинанд...

Чашмонам тира шуд, сарам чарх зад ва ногаҳон ҳама ҷо ба хомӯшӣ печид. Дар атрофам танҳо абрҳои сафед буданду ман.

Вақте чашм кушодам, аввал сақфи сафеди ҳуҷраи дунафараи беморхонаро дидам. Нури офтоб аз тиреза медурахшид. Духтур ба ман нигариста, «Хайрият, чашмонашро кушод!» мегуфт ва дар паси ӯ ҳамшира чизе дар даст дошт.

Баъд фаҳмидам, ки чор соат гузаштааст.

Аз он рӯз шаш сол сипарӣ шуд. Худоро шукр, хушдоманам бо табибон машварат карда, Илҳомжонро барои табобат ба беморхонаи махсуси шаҳри Тошканд бурданд. Табобати тӯлонӣ самара дод. Чашмонаш дубора дидан гирифтанд.

Бо дидани ин ҳолат шодиву умед ба дилам баргашт. Духтуре, ки бо қудрати Худованд ба чашмони фарзанди ман нур бахшид, гуфт, ки Илҳомжон мебинад, аммо мисли одамони солим равшану дақиқ дида наметавонад.

Ҳамин қадар ҳам барои мо неъмати бузург буд. Ҳазор бор шукр кардем.

Худоё, шукри Ту, эй Офаридгор, шукри Ту!

Имрӯз Илҳомҷон мустақилона ва бемалол роҳ меравад. Ҳарфҳоро ҳам ба ӯ омӯхтам, навиштанаш низ рӯз то рӯз беҳтар мешавад. Худоё, шукри Ту!

Аммо баъзан як чиз диламро мехарошад.

Гоҳе Илҳомҷон аз кӯча бармегардад ва мегӯяд:

— Оча, дар кӯча як амаки ношинос ба ман гуфт: «Чашмонат намебинад?» Ман гуфтам: «Не, баъди ҷарроҳӣ кардани духтурон мебинам». Ӯ хандид...

Ё мегӯяд:

— Оча, модари Нодири кӯчаи поёнӣ гуфт: «Бо ин бозӣ накун. Вақте ин қадар ҳамсолони солим дорӣ, чаро бо ҳамин бозӣ мекунӣ?» Ва Нодирро бурд. Лекин Нодир бачаи хуб аст, ба ман гуфт: «Баъдтар бозӣ мекунем».

Баъзан ҳам мегӯяд:

—Оча, дирӯз телефони «айфон»-и амакамро бозӣ мекардам. Боқир амак гуфт: «Худат дуруст намебинӣ, боз телефонбозӣ дорӣ?»

«Оча, он кас ҳамин гуфт, ин кас чунин гуфт...»

Ва ман, Худо маро бубахшад, аз одамон нафрат мекунам. Агар чунин суханҳоро кӯдакон мегуфтанд, шояд ба онҳо аҳамият ҳам намедодам, хафа ҳам намешудам. Аммо вақте ин ҳарфҳо аз забони одамони калон мебароянд, чӣ кор кунам?

Воқеаи дирӯза бошад, аз ҳама гузашта буд.

Зодрӯзи авсунам буд. Тамоми рӯз меҳмон қабул кардем. Ҳама чиз хуб гузашт. Бегоҳ додарарӯсам авсунам ва фарзандонашро ҳамроҳи ду писари ман ба боғи истироҳатии маркази шаҳр бурданд. Ман каме худро хуб ҳис намекардам ва дар хона мондам.

Онҳо хеле дер баргаштанд. Ҳамаи кӯдакон, ҳатто калонсолон ҳам, хушҳол буданд. Танҳо дар мижаҳои Илҳомҷон ду қатра ашк часпида буду дар чашмонаш нишоне аз шодӣ набуд.

Фаҳмидам, ки чизе шудааст. Авсунамро оҳиста ба наздам хонда пурсидам:

— Илҳомҷонро чӣ шуд?

— Авсун, мо бисёр хуб гаштем, фаввораҳоро тамошо кардем, дар аттраксионҳо савор шудем. Баъд барои хӯрдани яхмос рафтем, — гуфт авсунам, то маро ором кунад.

Аммо ман дигар ба суханонаш гӯш намедодам.
 —Амакаш пештар рафта, ҷой интихоб карданду моро ҷеғ заданд. Азбаски навбат зиёд буд, ҳама зуд-зуд ба назди мизи интихобшуда рафтем ва ҳар касе курсии худро гирифт. Баъди он ки шавҳарам пурсиданд: «Ҳама омаданд?», фаҳмидем, ки Илҳомҷон нест.

Нигоҳ кардам: ӯ ба сӯи мизи се-чор зани ношинос, ки тахминан панҷоҳсола буданд, мерафт. Эҳтимол, дар торикӣ онҳоро мо гумон карда буд. Назди онҳо расида, мехост ба курсӣ нишинад.

Ҳамин вақт овози Илҳомҷонро шунидам:

— Янгаҷон, шумо ҳастед?

Ҳамаи занҳо якбора ба ӯ нигаристанд. Ман ҳам наздик шуда будам ва чеҳраҳояшонро дар равшании чароғ хуб медидам.

Дар чеҳраҳояшон на он нури хоси пирони мо буд, на иффату ҳаёи занона ва ҳатто заррае ҳам раҳм ба ҳоли кӯдаки маъсум дида намешуд.

Яке аз онҳо ба Илҳомҷон гуфт:

— Янгаҷону амакҷонатро аз оғӯши худат ҷӯй! Чӣ, намебинӣ? Ман ба янгаҷонат монанд ҳастам?

Илҳомҷон бо нигоҳе беолоиш ба ӯ нигариста, гуфт:

— Не. Баъди ҷарроҳӣ мебинам. Бобоям маро ба Тошканд бурда буданд. Ростӣ, бисёр бор рафтаам. Роҳаш хеле...

— Э, бас кун! — сухани кӯдакро бурид он зан. — Намебинӣ, кар ҳастӣ ё чӣ, ба ман фарқ надорад. Фақат дуртар рав!

Ҳамин вақт ду қатра ашк аз чашмони Илҳомҷон ба рӯяш ғелид.

Давида рафта, ӯро ба оғӯш гирифтам. Ба он занҳо бошад, танҳо бо нафрат нигариста тавонистам. Забонам аз алам ба сухан намеомад.

Оҳиста дасташро гирифта, ба сӯи мизи худ бурдам.

Ҳанӯз ду-се қадам нагузошта будем, ки яке аз ҳамон занҳо Илҳомҷонро ҷеғ зад.

Дар дилам гузашт: «Шояд дар байни онҳо ақаллан як инсофдор ҳаст».

Аммо, сад афсӯс, чунин набудааст.

— Ҳой, бача! Ба замин нигоҳ кун, пулат афтодааст! — гуфт ҳамон зан.

Ду дақиқа мисли ҳайкал шах шуда мондам.

Тамоми вуҷудамро нафрат фаро гирифт.

Нигоҳ кардам: Илҳомҷон хам шуда, бо ду даст заминро палмос-палмос карда, «пули афтодааш»-ро меҷуст.

Ва ҳамин ҳолати кӯдакро дида, он занҳо якбора бо тамоми овоз қаҳ-қаҳ зада хандиданд.

Ин танҳо ханда набуд. Гӯё дар он на раҳми инсонӣ буд, на шафқат ва на эҳсосе, ки ба фарзанди Одам хос бошад. Он ханда гӯё аз он шаҳодат медод, ки инсон метавонад ба фармони бераҳмии шайтонӣ таслим шавад.

Ҳамаи онҳое, ки барои хӯрдани яхмос омада буданд, ба сӯи мо нигаристанд.

Ман оҳиста хам шуда, дасти Илҳомҷонро гирифтам ва ба қафо баргаштам.

Мехостам ба он «занҳо» бигӯям: «Худоро ба доварӣ мегузорам», аммо овозам ҳатто ба пичиррос ҳам намеомад.

Ҳамаи гуфтаҳои авсунамро бо чашмони пуроб, вуҷуди ларзон ва дили пур аз алам гӯш мекардам.

— Оча, ҳамон зан ба ман гуфт: «Пулат афтодааст». Аммо ман пул надоштам... Оча, он зан маро фиреб дод. Оё модарон ҳам дурӯғ мегӯянд, оча?

Маълум шуд, ки кӯдакам назди дар истода, ҳама чизро шунидааст.

Ин суханони ӯ чашмони авсунамро низ пуроб кард.

Ман аз он одамони ношинос он қадар нафрат кардам, ки агар ҳамон лаҳза дар он ҷо мемондам, шояд ягон ҳодиса рӯй медод.

Рӯямро ба рӯи писарам гузоштам. Бо чашмони пур аз ашк ашкҳои чашмонашро пок кардам.

— Гиря накун, писарам... Бигзор сангиндилҳо гиря кунанд. Бигзор касоне гиря кунанд, ки чашми дил надоранд. Ту гиря накун, ҷонаки модар...  Гиря накун...

Муаллиф: Ҷалолиддин Турсунов
Самарқанд, шаҳри Ургут


Тарҷумаи Д. Дониёр

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: