Тошканд мизбони мусобиқаи ҷаҳонии "IBSA World Games-2027" мешавад

Мусобиқаи ҷаҳонии IBSA World Games-2027 26 май то 6 июни соли 2027 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

IBSA World Games бузургтарин мусобиқаи байналмилалии варзишӣ барои варзишгарони нобино ва дорои маҳдудияти биноӣ ба шумор меравад.
Ин мусобиқа, ки дар ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад, на танҳо маҳорати баланди варзишгаронро ба намоиш мегузорад, балки нақши муҳими варзишро дар таъмини фарогирӣ ва баробарии имкониятҳо барои шахсони дорои маҳдудияти биноӣ бори дигар собит месозад.
Бо баргузории IBSA World Games-2027 Тошканд ба аввалин шаҳри Осиёи Марказӣ табдил меёбад, ки мизбони ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ мешавад.
Мусобиқаи қаблии IBSA World Games соли 2023 дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир баргузор шуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: