Дар Ӯзбекистон бархе гурӯҳҳои имтиёздор метавонанд ройгон ё бо 50 дарсад тахфиф сафар кунанд

Дар Ӯзбекистон барои дастгирии қишрҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва фароҳам овардани имконоти бештар барои саёҳат дар дохили кишвар боз як иқдоми муҳим амалӣ мешавад. Минбаъд шаҳрвандони 11 гурӯҳи имтиёздор метавонанд аз хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва мусофирбарии байнишаҳрӣ ройгон ё бо 50 дарсад тахфиф истифода баранд.

Тибқи тартиби нави муқарраршуда, раванди пешниҳоди имтиёзҳо пурра рақамикунонӣ мешавад. Талонҳои коғазӣ бекор гардида, ҳуқуқи шаҳрванд ба имтиёз тавассути низоми иттилоотии «Ягона ҳифзи иҷтимоии миллӣ» ба таври худкор тасдиқ карда мешавад. Барои ин истифода аз корти ID ё шиносномаи биометрӣ кофист.

Ин навоварӣ ҳамчунин ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат карда, имкони боздид аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои зиёратӣ, инчунин минтақаҳои экологӣ ва фароғатии кишварро барои шаҳрвандон васеътар хоҳад кард.

Аз ҷумла, барои қишрҳои ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ сафар ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хива, Шаҳрисабз, Тирмиз, водии Фарғона ва ҳамчунин минтақаҳои кӯҳистониву истироҳатии кишвар дастрас­тар мегардад.

Аз соли 2027 ба роҳ мондани имкони харидории чиптаҳои имтиёзнок ба таври онлайн тавассути замимаи мобилии корти иҷтимоии «Baraka» пешбинӣ шудааст. Ин ҳалли рақамӣ на танҳо истифодаи хизматрасониҳои нақлиётиро осон мекунад, балки идомаи мантиқии ислоҳотест, ки бо ташаббуси Президент ба хотири рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши сафарҳои шаҳрвандон дар саросари Ӯзбекистон амалӣ мешаванд.

Ҷорӣ намудани механизмҳои муосири рақамӣ дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётӣ имкон медиҳад, ки иқтидори сайёҳии кишвар самараноктар истифода шуда, имкониятҳои сафар барои тамоми қишрҳои аҳолӣ васеъ гарданд. Ин иқдом ҳамчунин ба татбиқи барномаи «Ӯзбекистонро сайр кунед!» мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: