Чандин сол аст, ки дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё Маркази махсуси солимгардонии таълими томактабии давлатӣ амал мекунад.
Дар ин маскан кӯдакону наврасони аз ду то шонздаҳсола, ки аз қазо нуқсони модарзодӣ ё дар рафти ҳаёт ба муҷибе малул гаштаанд, ба таълиму тарбият фаро гирифта мешаванд. Ин марказ “Имкон” ном дошта, бо ҳар васила ба тарбиятгирандагони худ дари имконотро мекушояд. Хоса, бештари корафтодагони ин маскан кӯдакону наврасонанд, ки дар нутқи худ нуқсе доранд. Мутахассисони баландтаҷриба бо чунин афрод сари кор гирифта, мушкилоти онҳоро то ҳадди имкон сода месозанд. Кормандони ин марказ боз ба кори хайре иқдом ниҳоданд, ки шоистаи таҳсин аст.
Дар маркази солимгардонии “Имкон” хидматҳои нав ба роҳ монда шуданд. Ҳамакнун волидоне, ки фарзандони малул доранд, аз хидматҳои пулии ин муассиса бархурдор мегарданд. Онҳо фарзандонашонро метавонанд дар рӯзҳои истироҳат ҳам ин ҷо гузоранд ва худ аз барои тафреҳ ё иҷрои коре канор бираванд. Кормандони “Имкон” дар ин муддат фарзандони онҳоро нигоҳубин ва ба таври шоиста парвариш мекунанд. Ин усули кор ҳарчанд ройгон нест, аммо барои волидон дар роҳи сомон додани корҳои муҳим ва тармими руҳу тан муваққатан имконияти хубе медиҳад.
Шариф Халил,
хабарнигори
“Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.