Ҷашн дар "Геолог"

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 18-солагии таъсиси Ҳаракати экологии ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи «Геолог», воқеъ дар ноҳияи Бӯстонлиқ, барои кӯдакони истироҳаткунанда барномаи маърифатию зеҳнӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати экологӣ Саидрасул Сангинов суханронӣ намуда, ба иштирокчиён аз таърихи таъсиси ҳаракат, самтҳои асосии фаъолияти он ва ташаббусҳои қонунгузорие, ки тавассути Ҳизби экологӣ дар Олий Маҷлис барои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ амалӣ шудаанд, маълумот дод.

Роҳбари ташкилоти Ҳизби экологии вилояти Тошканд Фурқат Аҳмадҷонов ва муовини раиси ташкилоти ҳизб дар шаҳри Тошканд Шаҳноза Умархоҷаева барои кӯдакон дарси интерактивии экологӣ баргузор намуд. Иштирокчиён бо шавқу рағбати зиёд ба саволу ҷавобҳо ҳамроҳ шуда, фаъолтарини онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо қадрдонӣ гардиданд.

Раиси Федератсияи сайёҳии варзишӣ ва экстрими ҷумҳурӣ Леонид Козловский аз ҳамкории чандинсолаи федератсия бо истироҳатгоҳи «Геолог» ёдовар шуда, таъкид кард, ки чунин ҳамкорӣ дар шинос намудани насли наврас бо табиат ва тарбияи эҳтиром нисбат ба муҳити зист нақши муҳим дорад.

Зикр гардид, ки дар барномаи таълимии истироҳатгоҳ дарсҳои экология низ пешбинӣ шудаанд. Ин дарсҳо ба кӯдакон имкон медиҳанд, ки донишҳои худро оид ба муҳити зист ғанӣ гардонида, аҳамияти ҳифзи табиатро амиқтар дарк намоянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ барои беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ оид ба инъикоси ҷашнвораи мусиқии «Садои Чимён» дар бахши «Мо ҷонибдори Чимёни тоза ҳастем», рӯзномаи «Овози тоҷик» бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар анҷоми барнома ба як гурӯҳ фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳаракати экологӣ шаҳодатномаҳои «Нозири ҷамъиятии ҳифзи табиат» супурда шуданд.

 

Т. Мирҳаёев.

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: