Чанде пеш дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Куриёи сессияи 48-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор шуд. Дар кори он ҳайати Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиши бонуфуз баробари мероси нодири фарҳангии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, намунаҳои барҷастаи меъмории модернизми шаҳри Тошканд ва атрофи он низ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Бояд гуфт, ки чунин иқдоми шоиста барои боз ҳам бештар муаррифӣ намудани мероси ғании таърихию фарҳангии Ӯзбекистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҳамзамон дар муносибат ба ҳифзи ёдгориҳои меъмории асри XX саҳифаи наверо боз кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бунёди рушди фарҳанг ва санъат, Ӯзбекистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки мероси меъмории модернизми асри XX-ро барои ворид намудан ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат шомил гардидани даҳ иншооти навгарои Тошканд ба ин феҳрист боиси ифтихор ва хушнудии мардуми кишвар гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит намуд, ки чунин ёдгориҳои нодири меъморӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошанд, бояд барои наслҳои оянда дар шакли аслии худ ҳифз шаванд.
Номинатсияи «Меъмории модернизми Тошканд: навоварӣ ва анъанаҳо дар Осиёи Марказӣ» бино ва иншоотҳоеро дар бар мегирад, ки солҳои 1960–1980 бунёд гардида, тафаккури пешқадами меъмории замони худро таҷассум намудаанд. Ин иншоотҳо то имрӯз ҷузъи муҳими симои меъмории пойтахти мамлакат ба шумор мераванд.
Яке аз иншооте, ки дар ин феҳрист қарор дорад, Қасри санъати ба номи Алишери Навоӣ мебошад, ки миёни мардум бештар бо номи «Панорама» маъруф аст.
Он соли 1964 дар маркази шаҳри Тошканд бунёд гардида, яке аз нахустин кинотеатрҳои махсуси Осиёи Марказӣ барои намоиши филмҳои панорамавӣ ба ҳисоб меравад.
«Панорама» на танҳо аз лиҳози вазифа, балки аз ҷиҳати ҳалли меъморӣ низ аз беҳтарин намунаҳои модернизми Тошканд мебошад.
Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон, ки соли 1970 сохта шудааст, низ ба ин феҳрист шомил гардид. Дар меъмории он ҳамоҳангии анъанаҳои таърихӣ ва услуби замонавӣ хеле равшан таҷассум ёфтааст. Аз ҳамин ҷиҳат, он на танҳо осорхона, балки ёдгории нодири меъморие мебошад, ки рӯҳи даврони худро инъикос мекунад.
Толори марказии намоишгоҳҳои Академияи бадеии Ӯзбекистон, ки соли 1974 бунёд шудааст, аз бинои дуошёна иборат буда, дар иҳотаи боғи сарсабзе қарор дорад. Ин маҷмаа яке аз калонтарин марказҳои намоишгоҳӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ошёнаи якуми он барои намоиши асарҳои санъати амалӣ ва ҳайкалтарошӣ, ошёнаи дуюм бошад, барои асарҳои санъати тасвирӣ пешбинӣ шудааст.
Бинои Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон низ соли 1974 барои намоиши осори санъат, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Алҳол дар ин бино Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон кор мебарад. Иншоот аз ҷумлаи нахустин осорхонаҳои санъати муосир буда, тибқи лоиҳаи махсус сохта шудааст. Дар ибтидо намои берунии он бо панелҳои мураббаъшакли абстрактӣ оро ёфта буд. Солҳои 1990 бино навсозӣ гардида, ба худ намои дигар гирифт.
Сирки давлатии Тошканд, ки соли 1976 сохта шудааст, бо намуди берунии худ, ки ба табақи паррон шабоҳат дорад, аз намунаҳои ҷолиби меъмории муосири пойтахт маҳсуб мешавад. Он на танҳо маркази фарҳангӣ, балки маҳсули ҷустуҷӯҳои эҷодии меъморони маҳаллӣ низ мебошад.
Бозори Чорсӯ, ки соли 1980 бунёд шудааст, низ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ин бозор яке аз калонтарин ва маъруфтарин марказҳои савдои Тошканд ба шумор меравад ва бо гунбази бузурги фирӯзаранги худ дар симои меъмории шаҳр ҷойгоҳи хос дорад.
Дар толори асосии савдо, ки зери гунбаз ҷой гирифтааст, конструксияҳои пӯлодии бино бараъло намоён ҳастанд. Маҳз ҳамин хусусият ба иншоот симои муосир ва хоси меъморӣ мебахшад.
Қасри «Дӯстии халқҳо» низ аз ҷумлаи иншооти назаррабо мебошад, ки соли 1981 сохта шудааст. Ин қаср бо шаҳомат, композитсияи монументалӣ ва ҳалли мураккаби конструктивии худ аз дигар иншоот фарқ мекунад. Арзиши меъмории он дар миқёси сохтмон, тарҳи муҳандисӣ, истифодаи масолеҳи гуногун ва ороиши бадеии дохиливу берунӣ таҷассум ёфтааст.
Ба феҳрист ҳамчунин истгоҳи метрои «Хиёбони космонавтҳо» низ шомил гардидааст. Он соли 1984 сохта шуда, ба фатҳи кайҳон аз ҷониби инсон бахшида шудааст. Дар ороиши дохилии истгоҳ аз мармар ва унсурҳои шишагии ороишӣ бо маҳорати баланд истифода шудааст. Дар ду тарафи истгоҳ лавҳаҳои бадеӣ насб гардидаанд, ки ба муҳаққиқону фатҳкунандагони кайҳон бахшида шудаанд.
Умуман, бисёре аз истгоҳҳои метрои Тошканд, ки аз соли 1977 мавриди истифода қарор гирифтаанд, на танҳо объекти инфрасохтори нақлиётӣ, балки асарҳои воқеии меъморӣ ва санъат ба ҳисоб мераванд.
Маҷмааи истиқоматии «Марворид» низ аз ҷумлаи иншоотест, ки дар ин феҳрист сабти ном шуд. Он бо услуби хоси меъморӣ тарҳрезӣ гардида, барои таҷассуми муҳити анъанавии маҳаллаҳои Осиёи Марказӣ дар иншооти бисёрошёна пешбинӣ шудааст. Ин маҷмаа на танҳо шакли ҷолиби меъморӣ, балки тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва хотираи фарҳангии ҷомеаро низ таҷассум мекунад.
Гелиомаҷмааи «Офтоб», ки дар масофаи тақрибан 45 километр аз шаҳри Тошканд, дар ҳудуди ноҳияи Паркент ҷойгир аст, яке аз бузургтарин кӯраҳои офтобии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин маҷмааи илмӣ-технологӣ то имрӯз фаъолияти илмии худро идома дода, бо услуби футуристӣ бунёд шудааст. 12 ҳазору 90 оинаи офтобии он имкон медиҳанд, ки ҳарорат то ба зиёда аз 3000 дараҷа расонида шавад.
Ҳангоми бунёди Институти «Офтоб»-и ҷаҳон чунин кӯраи азими офтобӣ танҳо дар шаҳри Одейои Фаронса, дар доманаи кӯҳҳои Пиреней мавҷуд буд. Гарчанд маҷмааи Фаронса пештар сохта шудааст, гелиомаҷмааи «Офтоб»-и Паркент аз рӯи миқёс, имкониятҳои технологӣ ва ҳалли меъморӣ аз он бартариҳои зиёд дошт.
Хулоса, ворид гардидани иншооти модернистии солҳои 1960–1980 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қадами муҳим дар роҳи эътирофи мероси фарҳангӣ ва меъмории Ӯзбекистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ин иншоотҳо солномаи зиндаи рушди меъморӣ буда, ҷаҳонбинии зебоишиносӣ, дастовардҳои илмию техникӣ, орзуву умедҳои иҷтимоӣ ва тасаввуроти инсони он даврро дар бораи оянда таҷассум мекунанд.
Эътирофи чунин мероси гаронбаҳо аз ҷониби ЮНЕСКО барои муаррифии иншооти меъмории асри XX Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳамзамон, ин эътироф масъулияти моро низ ҷиҳати ҳифз, нигоҳдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани симои аслии ин ёдгориҳои нодири меъморӣ боз ҳам бештар месозад.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».