Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми табобати гастрити гипоатсид

Қаламфури булғорӣ барои зиёд шудани ҷудошавии шираи меъда мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, барои табобати гастрити гипоатсид ва беҳтар намудани иштиҳо пеш аз хӯрок истеъмол намудани онро тавсия медиҳанд. Барои ин, як қошуқча қаламфурро, ки аз гӯштқимакунак гузаронида шудааст, бо шакар ё асал омехта мехӯранд.
 
Ҳангоми гулмиҷҷа (говмиҷҷа)
 
Рӯзе 4–5 маҳал 5–6 дона гули зарди рябинаи ёбоӣ (пижма)-ро бо об нӯшед, ин дардро фаромӯш хоҳед кард.
 
Ҳангоми зуком (грипп)
 
Барои пешгирии зуком, инчунин ҳангоми оғози беморӣ, 1 сар сирпиёзро тоза карда, майда намоед. Ним пиёла чормағзи кӯфташуда, 2 қошуқ равғани растанӣ, 2 қошуқ шарбати лимӯ ва мувофиқи табъ намак илова кунед. Ҳамаашро хуб омехта карда, ба як пора нон молед. Рӯзе 3 маротиба, пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
 
Агар мӯи кӯдак тунук бошад
 
Дар табобати халқӣ, агар мӯи кӯдак тунук ва кам бошад, ба оби ӯсма омехтаи сиёҳбутта (қораталоқ)-ро ҳамроҳ карда, ба сар мебанданд. 
 
Ҳангоми афсурдаҳолӣ (депрессия)
 
Марвак (шалфей, маврак) барои ҳолати афсурдагии шадиди рӯҳӣ (депрессия) ҳамчун воситаи оромбахш ва ангезабахш истифода мешавад.
 
Ҳангоми дерматит
 

Барои раҳоӣ аз дерматит, пеш аз ҳама бояд сабаби асосии сар задани онро бартараф кард (масалан, суст шудани масуният, беҳолӣ ва ғайра). Аммо истифодаи марҳам ва доруҳои махсус ҳамчун табобати маҳаллӣ низ бефоида нахоҳад буд. Шумо аз усули зерин истифода баред: 1 дона лимӯ, 25 грамм кашничи сабз ва 2 истикон об гиред. Шарбати лимӯро фишурда гиред, ба болои кашнич оби ҷӯшон резед ва сипас ба ҷӯшобае, ки қаблан тайёр карда будед, шарбатро омехта намоед. Пахтаи тиббиро дар маҳлул тар карда, ҷойи захмдорро оҳиста пок намоед. Ин муолиҷаро тӯли як ҳафта, ҳар рӯз пеш аз хоб як маротиба анҷом медиҳанд.
 
Ҳангоми дарунравӣ (диарея)
 
Аз қадим аён аст, ки истеъмоли сирпиёз барои боздоштани дарунравӣ муфид аст. Ба кӯдакони хурдсол сирпиёзро кӯфта медиҳанд.
 
Ҳангоми исҳоли хунин (дизентерия)
 
Дар ин беморӣ низ ҳар рӯз як дона сирпиёз истеъмол кардан муфид аст.
 
Ҳангоми дарди ҳайз
 
Дар ҳолати бо дард омадани ҳайз (дисменорея), барои таскини мушакҳо ва рафъи спазм бояд «ҳаммоми маъданӣ» кард. Барои ин 1 пиёла намаки баҳрӣ ва содаро дар об ба ҳам омехта,  дар он тақрибан 20 дақиқа нишастан лозим аст. (Давом дорад).
 
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
             А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: