ДАРВОЗАИ РАШОМОН

Танҳо дар ҳамин вақт чашмонаш шахсеро диданд, ки миёни ҷасадҳо нишаста буд. Ӯ пиразани кӯтоҳқад, лоғар ва мӯйсафед буд, ки каме ба маймун монандӣ дошт. Ӯ кимоное ба ранги пӯсти дарахти «ҳинокӣ» ба тан дошт.

 

Дар дасти росташ пораи чӯби сӯзон буд ва бо диққат ба рӯйи яке аз ҷасадҳо нигоҳ мекард. Аз рӯйи мӯйҳои дароз маълум буд, ки он ҷасад ба ҷинси зан тааллуқ дорад.

Хидматгор аз тарс ва кунҷкобӣ гӯё ҳатто нафас кашиданро фаромӯш карда буд. Дар ҳамин ҳангом пиразан чӯби сӯзонро ба замин гузошт ва бо ҳар ду дасташ ба сӯйи сари ҷасад даст дароз кард. Ва мисли маймуне, ки дар мӯйи кӯдакаш чизе меҷӯяд, ба кандани мӯйҳои дароз оғоз кард – яке паси дигаре...

Ҳар қадар, ки пиразан мӯйҳоро яке паси дигар меканд, тарс дар дили хидматгор кам-кам паст мешуд. Аммо ҳамзамон, дар дилаш нисбат ба пиразан нафрате сахт пайдо мегашт. Не, шояд дурусттар ин бошад, ки нафраташ на танҳо ба пиразан, балки ба ҳар гуна «бадӣ» бештар мешуд.

Агар дар он лаҳза касе аз ӯ боз ҳамон саволро мепурсид: «аз гуруснагӣ бояд мурд ё дузд шуд?» – ӯ эҳтимол бидуни ҳеч шаке маргро интихоб мекард. Нафрати ӯ ба бадӣ мисли ҳамон чӯби сӯзоне, ки дар замин месӯхт, аланга мегирифт.

Хидматгор намефаҳмид, ки чаро пиразан мӯйи ҷасадро меканад. Аз ин рӯ, бо ягон мантиқ наметавонист муайян кунад, ки ин кор хуб аст ё бад. Аммо барои ӯ, худи ҳамин амал: кандани мӯйи мурда дар чунин шаб, як бадии бахшиданашаванда буд.

Албатта, ӯ фаромӯш карда буд, ки ҳамагӣ чанд лаҳза пеш худаш дар бораи дуздӣ фикр мекард.

Ногаҳон, хидматгор бо тамоми қувва ба пойҳояш такя карда, бо як ҷаҳиш ба дохили бурҷ даромад. Ӯ дастаи шамшерашро гирифт ва бо қадамҳои калон ба сӯйи пиразан рафт. Пиразан аз тарс як андак монда буд, ҷон диҳад.

Ҳамин, ки чашмаш ба хидматгор афтод, аз ҷояш ҷаст.

Хидматгор роҳи ӯро баст ва бо садои сахт гуфт: «Ист! Куҷо меравӣ?»

Пиразан, ки саросема шуда буд, дар миёни ҷасадҳо пешпо мехӯрд ва кӯшиш мекард гурезад...

Роҳе барои гурехтан набуд. Бо вуҷуди ин, пиразан кӯшиш кард ӯро ба ақиб тела диҳад. Аммо хидматгор нагузошт. Онҳо миёни ҷасадҳо якдигарро дошта, чанд лаҳза оромона мубориза бурданд. Аз аввал маълум буд, ки кӣ пирӯз мешавад.

Дар ниҳоят, хидматгор дасти пиразанро печонда, ӯро ба замин партофт. Дастони пиразан мисли устухонҳои хушки мурғ борик буданд.

– «Чӣ кор мекардӣ? Гап зан! Агар нагӯйӣ, пушаймон мешавӣ!»

Хидматгор, дар ҳоле ки ӯро ба ақиб тела медод, шамшерашро кашид ва теғи дурахшонро назди чашмони пиразан овард. Аммо пиразан хомӯш монд. Бо дастони ларзон ва нафаси тез, бо чашмоне, ки қариб аз коса мебаромаданд, мисли шахси гунг сукут мекард.

Дар ҳамин лаҳза хидматгор равшан ҳис кард, ки ҳаёти пиразан пурра дар дасти ӯст. Ин ҳис каме ғазаби ӯро паст кард. Ба ҷояш як эҳсоси оромии хоси пас аз анҷоми муваффақонаи кор пайдо шуд.

Ӯ ба пиразан аз боло нигариста, бо лаҳни мулоимтар гуфт: «Ман посбони шаҳр нестам. Танҳо як мусофирам, ки аз зери дарвоза мегузаштам. Намехоҳам туро дастгир кунам. Фақат бигӯ, ин ҷо, дар ин бурҷ чӣ кор мекардӣ?»

Пиразан чашмонашро калонтар кушода, ба рӯйи ӯ нигоҳ кард. Нигоҳаш мисли парандаи шикорӣ тез ва шадид буд. Лабҳои чиндор ва борикаш каме ҳаракат карданд, гӯё чизеро меҷуст.

Сипас, бо овози хаста ва хурӯсмонанд гуфт: «Мӯй мекандам... барои сохтани парик».

Хидматгор аз ин ҷавоби одӣ ҳайрон шуд. Ӯ интизор дошт чизе даҳшатноктар бишнавад. Ва ҳамин ноумедӣ, бо ҳисси таҳқир, боз ғазабро дар дили ӯ бедор кард...

Пиразан инро пай бурд. Дар ҳоле ки ҳанӯз мӯйҳои дар дасташ бударо нигоҳ дошта буд, бо ҳамон овози хаста идома дод: «Рост аст, кандани мӯйи мурдагон кори хуб нест. Аммо мурдаҳое, ки ин ҷо ҳастанд, ҳамаашон чунин муносибатро сазоворанд. Масалан, ҳамин зане, ки ман мӯяшро мекандам, морҳоро пора-пора карда, мехушконд ва ба ҷойи моҳии хушк ба посбонҳо мефурӯхт... Агар аз беморӣ намемурд, ҳоло ҳам ҳамин корро мекард. Барои зинда мондан ин корро мекард. Агар намекард, аз гуруснагӣ мемурд. Аз ин рӯ, ман фикр намекунам кори ӯ бад буд.

Пас, кори ман ҳам бад нест. Ман ҳам агар ин корро накунам, аз гуруснагӣ мемирам. Ин зан ҳам агар медонист, ноилоҷӣ чист, шояд маро ҳам сарзаниш намекард...»

Ин буд суханони пиразан.

Хидматгор оромона гӯш мекард. Шамшерашро ба ғилоф гузошта буд ва бо дасти дигар ҳанӯз ба рӯяш даст мерасонд. Аммо дар даруни ӯ чизе тағйир меёфт, ҷуръате, ки пештар надошт, оҳиста-оҳиста пайдо мешуд.

Акнун ӯ дигар шубҳа надошт: мурдан аз гуруснагӣ ё дузд шудан. Фикри марг комилан аз зеҳнаш дур шуда буд.

Вақте пиразан суханашро тамом кард, хидматгор бо оҳанги масхараомез гуфт: «Ҳамин тавр будааст?»

Сипас як қадам ба пеш гузошта, гиребони пиразанро гирифт ва гуфт: «Пас ту ҳам гила накун, агар ман либосатро бигирам. Чун ман ҳам, агар ин корро накунам, аз гуруснагӣ мемирам».

Ӯ кимоноро аз тани пиразан кашид. Пиразан, ки кӯшиш мекард ӯро нигоҳ дорад, ба рӯйи ҷасадҳо афтод.

Хидматгор кимоноро гирифта, зуд аз зинаҳо поён фаромад ва дар торикии шаб нопадид шуд.

Пиразан баъд аз чанде, мисли мурдае, ки зинда шавад, бархост. Ӯ бараҳна буд. Бо нури чӯби сӯзон ба канори бурҷ рафт ва ба поён нигарист.

Аммо дар зери дарвоза, чизе ҷуз торикии амиқ дида намешуд.

Аз он пас, дигар ҳеч кас он хидматгорро надид.

 

Аз забони русӣ тарҷумаи

А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: