Қадаме то тоҷи ҷаҳон

Конгресси навбатии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) макон ва муҳлати баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмотро эълон кард.

Тибқи қарори ФИДЕ, мусобиқа аз 25 ноябр то 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор мешавад. Дар он даъвогари унвони қаҳрамони ҷаҳон, гроссмейстери байналмилалӣ ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷавоҳир Синдоров бо қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон, шатранҷбози ҳиндӣ Доммараҷу Гукеш барои тоҷи ҷаҳонӣ рақобат хоҳад кард.

Барои мизбонии чемпионат Ҳиндустон, Кипр, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар низ номзад буданд. Аммо ФИДЕ баргузории ин мусобиқаи бонуфузро ба кишвари бетарафи Швейтсария вогузор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Доммараҷу Гукеш соли 2024 дар Сингапур қаҳрамони вақти ҷаҳон Дин Лижен аз Чинро бо ҳисоби 7,5:6,5 мағлуб намуда, соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гардида буд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамватани мо Ҷавоҳир Синдоров солҳои охир дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳатто шатранҷбози маъруфи ҷаҳон ва собиқ қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсенро низ шикаст додааст.

Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот баргузор мешавад. Ҷавоҳир Синдоров дар тахтаи якум дар таркиби ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ намуда, барои ба даст овардани натиҷаи баланд мубориза хоҳад бурд.

– Солҳои охир шатранҷбозони Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Ин пеш аз ҳама самараи дастгирӣ ва ғамхории Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, – гуфт Ҷавоҳир Синдоров дар суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма. – Пас аз он ки ман роҳхат ба Чемпионати ҷаҳонро ба даст овардам, нахустин шахсе, ки маро табрик гуфтанд, Сарвари давлат буданд. Ҳангоми пирӯзии мо дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон низ Президенти кишвар тавассути телефон моро самимона табрик намуда, бароямон комёбиҳои нав орзу карданд. Ин гуна таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба мо неруи тоза мебахшад.

 

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: