Комёбии коргардони ҷавон

Коргардони Студияи «Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва хронологӣ»-и Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Меҳрубон Ализода дар кинофестивали байналмилалӣ, ки дар Шветсия баргузор гардид, бо филми мустанади «Those Who Lit Their Own» («Шахсе, ки чароғ афрӯхтааст») иштирок намуда, дар бахши «Беҳтарин филми ҳуҷҷатии кӯтоҳметраж» сазовори ҷойи аввал гардид.

Бояд гуфт, ки ин кинофестивали байналмилалӣ бо мақсади дастгирии синамогарони мустақил, кашфи истеъдодҳои нав ва рушди ҳунари синамои муосир баргузор шуда, ҳамасола эҷодкорони кишварҳои гуногунро ба ҳам меорад.

Филми мазкур тибқи барномаи расмии фестивал 26 сентябри соли равон дар Шветсия ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Меҳрубон Ализода, фарзанди боистеъдоди Бухорои шариф, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон буда, дараҷаи магистриро низ дар ҳамин донишгоҳ бино ба ихтисоси коргардони кино ва радио соҳиб шудааст.

Гарчанд ҳамагӣ 28 сол дорад, аллакай зиёда аз 20 филми ҳуҷҷатӣ, инчунин роликҳои таблиғотӣ ва корпоративиро ба навор бардоштааст. Филмҳои ҳуҷҷатии «Мамадалӣ Топволдиев», «Мусҳафи Усмонӣ», «Умре, ки ба театр бахшида шуд», «Фирӯз Саидов», «FIDE – 100», «Донишкадаи ирригатсия», «Ӯз чироғини ёққан одам» ва «Бухоро биеннале» аз корҳои эҷодии ӯ ба шумор мераванд.

Меҳрубон Ализода фарзанди яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи кино, номзади илмҳои филологӣ Алӣ Чориев мебошад. Ӯ бо заҳмат, ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди худ тавонистааст роҳи мустақили эҷодии хешро пайдо кунад.

Бовар дорем, ки саҳифаҳои пурифтихори фаъолияти эҷодии ин коргардони ҷавон ҳанӯз дар пешанд. Ба ӯ дар роҳи эҷод, ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ ва фатҳи қуллаҳои нави синамо комёбиҳои беш аз пеш орзу мекунем.

 

Амрулло Авезов, 
хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: