Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар деҳаи зебоманзару хушобуҳавои Миронкӯл маҷмааи муосири истироҳатию солимгардонии «Edelweiss Resort & SPA», ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст, мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти минтақаи сайёҳӣ ва истироҳатии рекреатсионии «Оҳалик – Оқбӯрё – Миронкӯл», ки беш аз панҷ ҳазор гектар заминҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳиро фаро мегирад, барои сокинони ин гӯшаи дурдасти вилояти Самарқанд рӯйдоди муҳим гардид. Ин иқдом ба мардуми маҳаллӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди онҳоро ба ояндаи минтақа боз ҳам бештар намуд.
– Деҳаи мо таърихи хеле қадима дорад, – мегӯяд собиқ корманди соҳаи маориф ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҳбуби Турсунова. – Номи аслии он Миронкӯл аст, на Миронқул. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳуҷҷатҳо ба ҷойи «кӯл» шакли «қул» истифода шудааст, ки боиси ҳайрат аст.
Ривоят мекунанд, ки шахси саховатманде бо номи Мирон дар ин мавзеъ обанборе месозад. Дар фасли тобистон сокинони Самарқанд ва меҳмонон дар соҳили он истироҳат мекарданд, оби он барои обёрии боғу токзор низ истифода мешуд. Аз ҳамин сабаб ин мавзеъ Миронкӯл ном гирифтааст. Баъдан сел обанбор ва минтақаи истироҳатиро вайрон мекунад, аммо номи деҳа боқӣ мондааст.
Имрӯз сарвати воқеии Миронкӯл баробари табиати нотакрор мардумони меҳнатдӯст, боғдору токпарвар, донишманду ташаббускор ва соҳибистеъдодаш мебошанд. Ангур ва мавизи Миронкӯл алҳол на танҳо дар саросари Ӯзбекистон, балки берун аз кишвар ҳам шуҳрат доранд.
Бо қарори Сарвари давлат Миронкӯл ба минтақаи махсуси сайёҳӣ табдил ёфт. Ин тасмим оғози марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии деҳа ба шумор меравад. Дар доираи барномаҳои пешбинишуда ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад, ҷавонон бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Яке аз ташаббускорони асосии ободонии минтақа фарзанди ҳамин диёр Сайфиддин Асламович мебошад. Ӯ бо дастгирии ҳамдиёрон дар оғози дара маҷмааи бузурги сайёҳӣ ва рекреатсионӣ бунёд намуд, ки минбаъд сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб хоҳад кард.
Хазинаи Мирзо Улуғбек дар куҷост?
Сайфиддин нақл мекунад, ки дар овони кӯдакӣ ҳамроҳи падараш – Бобои Аслам барои чаронидани чорво ба баландиҳои кӯҳ мебаромад. Ҳанӯз аз ҳамон дам нисбати табиати дилфиреби Миронкӯл, паррандагони хушовоз, ҳайвоноти ваҳшӣ ва дараҳои сарсабзи он меҳри беандоза дошт.
Падараш ҳикоят мекард, ки:
– Дар замони Амир Темур ин роҳ Самарқандро бо Кеш (Шаҳрисабз) мепайваст. Ривояте ҳаст, ки гӯё набераи Амир Темур – ҳаким ва ҳокими бузург Мирзо Улуғбек, ҳангоми фирор ба Шаҳрисабз, ганҷинаи худро дар яке аз дараҳои Миронкӯл пинҳон кардааст. То имрӯз онро пайдо накардаанд. Шояд рӯзе он хазина низ ошкор шавад.
Сайфиддин тӯли шаш-ҳафт соли охир бо роҳи ҳашар ва дастгирии сокинони маҳаллӣ дар нишебиҳои кӯҳ беш аз 70 ҳазор бех ниҳоли манзаравию сояафкан шинонда, бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ онҳоро ба дарахтзори сабзу хуррам табдил дод.
– Ҳар бор, ки ин ободониҳоро муоина мекунам, – мегӯяд ӯ, – суханони падарам ба хотирам меоянд ва беихтиёр аз худ мепурсам: «Хазинаи Мирзо Улуғбек дар куҷо бошад?»
Ба саволи мо: агар ин хазина пайдо шавад, онро барои чӣ истифода хоҳад бурд?
– Дунё ба умед. Агар чунин мӯъҷиза рӯй диҳад, пеш аз ҳама, барои кӯдакони Миронкӯл мактаби замонавӣ, барои сокинонаш беморхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ месозем, – мегӯяд ӯ бо табассум дар ҷавоб.
Маҷмааи нав – имкониятҳои нав
Ба гуфтаи мусоҳибам дар муҳлати кӯтоҳ меҳмонхона барои 160 нафар, иншооти истироҳатию табобатӣ барои 500 нафар, ошхона, ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, толори консертӣ ва дигар иншооти хидматрасонӣ сохта шуданд.
Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи татбиқсозии лоиҳа дастикам 800 сокини маҳалла соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, беш аз 5 километр роҳ мумфарш шуда, шароити ҳаракати нақлиёт ба таври назаррас беҳтар гардид.
Дар маросими ифтитоҳи маҷмаа муовини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов иштирок намуда, фаъолияти коргоҳи навро барои рушди соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ кард ва ба ҳайати меҳнатӣ комёбиҳои нав орзу намуд.
Ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор дошт:
– Бо мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар маҳаллаҳои Оҳалик, Оқбӯрё ва Миронкӯл татбиқ кардани 185 лоиҳа дар самтҳои экосайёҳӣ, этносайёҳӣ, агросайёҳӣ ва сайёҳии экстремалӣ пешбинӣ шудааст. Барои амалисозии онҳо аз буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 34 миллиард сӯм ҷудо гардид. Интизор меравад, ки шумораи сайёҳон ба ноҳия то 2,7 миллион нафар меафзояд.
Алҳол дар ноҳия 170 истироҳатгоҳи хурд ва 50 маҷмааи бузурги сайёҳӣ фаъолият дошта, иқтидори умумии қабули меҳмонон қариб ба 25 ҳазор расидааст.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.