«Тӯҳфаи Президент» барои хонандагони синфи якум ба минтақаҳо фиристода шуд

Дар соли таҳсили 2026–2027 дар саросари кишвар ба синфи якум қабул намудани беш аз 795 ҳазор кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Барои онҳо «Тӯҳфаи Президент» омода гардида, ба он 12 номгӯйи лавозимоти таълимӣ ворид шудааст. Тибқи нақша, туҳфаҳо то 25 август пурра ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ расонида мешаванд.

Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ба муносибати омодагӣ ба соли нави таҳсил ва раванди интиқоли «Тӯҳфаи Президент» барои хонандагони синфи якум ба минтақаҳо пресс-тур ташкил намуд.

Дар доираи чорабинӣ корвони «Тӯҳфаи Президент», ки барои хонандагони синфи якум пешбинӣ шудааст, аз ҷониби корхонаи «Хадамоти таъминот ва логистика»-и назди вазорат ба минтақаҳои кишвар гусел карда шуд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар соли таҳсили 2026–2027 дар 10 ҳазору 225 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ беш аз 550 ҳазор омӯзгор ба зиёда аз 6,7 миллион хонанда таълим медиҳанд. Дар соли нави таҳсил ба синфи якум қабул намудани беш аз 795 ҳазор кӯдак ба нақша гирифта шудааст. То 5 август бошад, аллакай 680 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шудааст, ки ба 85 фоизи нақша баробар мебошад.

Ба таркиби «Тӯҳфаи Президент», ки барои хонандагони синфи якум омода шудааст, 12 номгӯйи лавозимоти таълимӣ дохил гардидааст. Аз ҷумла, ҷузвдони мактабӣ, 12 дафтар, ручка, ду дона қалами одӣ, маҷмӯи қаламҳои ранга, коғази ранга, пластилин, дафтари расмкашӣ, ду дона поккунак, рангҳои акварелӣ, ширеш ва қаламдон.

Бино ба маълумоти вазорат, лавозимоти таълимӣ то 15 август ба ҳамаи минтақаҳо ва то 25 август мутобиқи шумораи хонандагони қабулшуда ба ҳамаи мактабҳо расонида мешаванд. «Тӯҳфаи Президент» пас аз баргузории чорабинии «Занги аввал» ба хонандагони синфи якум дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин туҳфаҳо на танҳо ба хонандагони синфи якуми мактабҳои давлатӣ, балки ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва мактабҳои тобеи дигар вазорату идораҳо таҳсил мекунанд, низ дода мешаванд. Бо ин мақсад тавассути платформаи электронии adm.maktab.uz рӯйхати ном ба номи хонандагон тартиб дода шудааст.

Дар ҷараёни пресс-тур инчунин маҷмӯи китобҳои нави дарсӣ барои хонандагони синфи якум муаррифӣ гардид. Мутахассисон оид ба мазмуну муҳтаво, сохтор ва ҷанбаҳои фарқкунандаи онҳо аз нашрҳои қаблӣ маълумот пешниҳод карданд.

Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 202-и ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, ки чорабинӣ дар он баргузор гардид, дар соли нави таҳсил таҳсили беш аз 1260 хонанда ва қабули 175 кӯдак ба синфи якум дар назар дошта шудааст. Дар муассиса барои кӯдаконе, ки ба таҳсилоти махсус ниёз доранд, синфҳои инклюзивӣ ташкил гардида, айни ҳол 13 хонанда дар чунин синфҳо таҳсил мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: