Дар Конимех шаҳрванди давлати ҳамсоя бо 2 кг маводи мухаддир дастгир шуд

Айни замон нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбаташ чораи эҳтиётии «ҳабс» татбиқ шудааст. Тафтишот идома дорад.

Дар ҷараёни як амалиёти фаврии муштараки кормандони Хадамоти давлатии амният ва мақомоти гумрук дар вилояти Навоӣ миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Конимех автомашинаи тамғаи «Cobalt» боздошт ва мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳангоми кофтуков маълум гардид, ки дар бастаи селлофании мутааллиқ ба мусофири соли таваллудаш 2002, шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 кг 87 грамм маводи «опий» мавҷуд будааст. Ин мавод ҳамчун далели шайъӣ расман мусодира карда шуд.

Тибқи маълумот, ӯ ин маводи мухаддирро аз ҷойи махфие гирифта истодааст, ки қаблан аз ҷониби қочоқбарони маводи мухаддир аз давлати ҳамсоя ба таври қочоқ ворид ва пинҳон карда шуда будааст.
Нисбат ба ӯ тибқи моддаи 246 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи эҳтиётии «ҳабс» татбиқ шудааст. Тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: