Иншооте, ки ба манбаъи мӯътамади неруи барқ табдил хоҳад ёфт

  • Иншооте, ки ба манбаъи мӯътамади неруи барқ табдил хоҳад ёфт
  • Иншооте, ки ба манбаъи мӯътамади неруи барқ табдил хоҳад ёфт
  • Иншооте, ки ба манбаъи мӯътамади неруи барқ табдил хоҳад ёфт

Имрӯзҳо дар соҳили дарёи Сӯх сохтмони неругоҳи барқи обӣ бо вусъати том пеш меравад. Дар ин ҷо як гурӯҳи техникаи пурқудрату замонавӣ ба кандани канал, кашонидани хоку регу шағал ва интиқоли он машғул мебошанд, қисмати дигари техникаҳо маҳлули симинтро ба ҷои кандашудаи канал бурда мерехтанд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар ин минтақаи ноҳияи Сӯх як неругоҳи барқи обӣ арзи вуҷуд мекунад, ки 15 мВ неруи барқ тавлид хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 19 июни соли равон ба корҳои сохтмонии ин неругоҳи барқ ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар маросими он қайд гардид, ки ин сохтмони азим дар ҳаёти ноҳияи дурдасти Сӯхи вилояти Фарғона ҳамчун рӯзи хеле муҳиму сарнавиштсоз сабт хоҳад шуд. Ба гуфтаи Воҳидҷон Аҳмадҷонов, раҳбари ҶС "Ӯзбекгироэнергоқурилиш"-и марбути ҶС "Ӯзбекгидроэнерго"  ҳоло тамоми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қизилқиёқи ноҳияи мазкур ба роҳ монда шудаанд.

 -Лоиҳаи мазкур бо маблағи ҶС «Ӯзбекгидроэнергоқурилиш» бунёд мегардад. Ин неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 15 мегаВатт дар як сол 50 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ​​истеҳсол мекунад ва барои таъмини устувори 71 дарсади ниёзҳои барқи ноҳияи Сӯх хизмат менамояд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар соҳили чапи дарёи Сӯх бо суръат давом доранд,-изҳор мекунад Воҳидҷон Аҳмадҷонов.

 Дарвоқеъ, моҳи марти соли 2026 Президенти мамлакат бахшида ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҷаласа баргузор кард ва қайд намуд, ки ин ноҳия бо сабаби иқтидори табиӣ, иқлими тоза, дарёҳо ва шароити мусоиди ҷуғрофӣ метавонад яке аз омилҳои муҳими иқтисодиёт дар кишвари соҳибистиқлоли мо гардад.

 Ҳоло ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар заминаи дастури Сарвари давлат омӯзиши систематикии иқтидори гидроэнергетикии ҳамаи минтақаҳоро яксон идома медиҳад. Аз ҷумла, як гурӯҳи мутахассисони он таҳти роҳбарии раиси Шӯрои директорон Ислом Абдураҳмонов ба ноҳияи Сӯх ташриф овард ва шароити табиӣ ва релйеф, ҷараёни об, хусусиятҳои гидрологӣ ва имконоти мавҷудаи инфрасохтори минтақаро ҳамаҷониба мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дод. Дар баробари ин, гурӯҳи мазкур тадқиқоти топографӣ низ гузаронида, ба чунин натиҷа расид, ки шароити зарурӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ин ҷо хеле фаровон аст.

 Рафти корҳои сохтмониро дида кас ба чунин хулоса меояд, ки ояндаи Сӯхи бостонӣ дурахшон аст. Зеро ҳадафи лоиҳаи таҳти иҷро қонеъ кардани ниёзҳои аҳолии ноҳия ва боло бурдани иқтисодиёт тавассути истифодаи самараноки ҳар як қатра захираҳои об, афзоиши иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ ​​ва васеъ кардани саҳми манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз мебошад.

 Гуфта мешавад, ки мутахассисони ҶС «Гидропроект» дар таҳияи ин лоиҳа  хеле нақши муассир бозиданд. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии 15 МВт дар ноҳияи Сӯх барои солҳои 2026-2028 маҳз тибқи лоиҳаи тарроҳони ҳамин корхона ба роҳ монда  шудааст. Ба таври илова метавон тавзеҳ дод, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа, инчунин агрегатҳои барқӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси истеҳсоли маҳаллии нерӯгоҳи «УзГидроПоуэр» таъмин карда хоҳанд шуд.

 Дар айни ҳол садҳо нафар ба кори сохтмони Неругоҳи барқи обии Сӯх ҷалб шудаанд. Интизор меравад, ки ба ин сохтмон ҳадди аққал 800 нафар мардуми маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда хоҳанд шуд. Ҳувайдост, ки роҳандозии сохтмони чунин як иншоот барои як қисми мардуми ин ноҳия манбаъи даромад ва беҳбуди шароити рӯзгори онҳо хоҳад шуд. 

 -Мақсади Президенти мамлакатамон аз ҳамин иборат аст, ки мардуми маҳаллӣ ҳарчи бештар бо ҷои кор таъмин шаванд. Бидуни шубҳа, пас аз ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ 17 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, баъди ба кор андохтани Нерӯгоҳи барқи обии Сӯх, дар як сол ба ҳисоби миёна 48 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки қариб 70 фоизи талаботи солонаи ноҳия нисбати барқи доимӣ қонеъ, ё ба ибораи дигар беш аз 20 ҳазор хонавода бо нерӯи барқи устувор таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорои манбаи боэътимоди энергия хоҳад шуд,-мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.

 Аз суҳбат бо як идда коргарону ронандагони воситаҳои гуногуни техника маълум шуд, ки онҳо аз пайдо кардани ҷои кор хеле хушҳоланд. Ба гуфтаи онҳо ғурбату мусофирӣ дар кишварҳои дигар ба дилашон задааст.

 -Солҳои дароз дар минтақаҳои гуногуни Русия машғули мардикорӣ будам. Вақте шунидам, ки дар ноҳияи худамон Неругоҳи барқи обӣ сохта мешавад ва он ба ронандагони нақлиёти боркашон низ ниёз дорад, ҳадаҳа барои ишғоли яке аз ҷойҳои кор ба шуъбаи кадрҳо ҳозир шудам ва ҳуҷҷатҳоямро тақдим намудам. Хушбахтона, баъди баррасии он маро ба кор пазируфтанд. Ҳоло беш аз 7 миллион сӯм маош муқаррар кардаанд. Ростӣ, дар арафаи 35-умин солгарди касби истиқлоли Ватани азиз ва ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ба кор таъмин шудам, ки аз ин хеле шукргузор ҳастам,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо Шоҳидҷон Аҳмадхӯҷаев.

 Вай меафзояд, ки кор дар ин сохтмон дар ду баст ташкил шудааст ва  ӯ дар як моҳ  ҳамагӣ 15 рӯз кор мекунад ва 15 рӯзи боқимонда ҳам истироҳат ва ҳам машғули корҳои хонаводаашон мешавад.

 -Бо чунин маоши хуб бо кор таъмин шудани худро дар хоби шаб ҳам надида будам. Пӯшида нест, ки ронандагони зиёд бо ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҷустуҷӯи кор сарсону саргардонанд. Аммо ҳоло даҳҳо нафари онҳо паси панҷари мошин нишастаанд ва хоку рег  мекашонанд. Тавре ки худ мебинед, кор бо ҷӯшу хурӯш идома мекунад,-мегӯяд Ҳусейн Ҷӯраев ном ронанда.

 Ногуфта намонад, ки дар кишварамон 73 лоиҳаи гидроэнергетикӣ ба маблағи 5,8 миллиард доллар амалӣ карда мешаванд. Агар шумораи нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар соли 2017 танҳо 36 ададро ташкил медод, дар соли 2025 теъдоди он ба 100 расид ва иқтидори умумии онҳо аз 1,6 гигаватт то 2,4 гигаватт афзоиш ёфт.

 Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" танҳо дар соли равон ба истифода супурдани 13 нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 114 МВт ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа боз 3,6 ГВт иқтидори иловагии неруи барқ ба вуҷуд меояд. Неругоҳҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 537 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол мекунанд ва 254 ҷойҳои нави кори доимӣ низ таъсис дода мешаванд.

 Неругоҳи барқи обии ноҳияи Сӯх бар асоси принсипи "лойиҳаи миллӣ" ба нақша гирифта шуда, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар он беш аз пеш вусъат пайдо кардааст. Доир ба нишондиҳандаҳои асосии лоиҳа айд кардан оиз аст, ки иқтидори лоиҳа 40,8 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Баъди ба кор даромадани он сарфаи гази табиӣ 14,0 миллион м3/солро ташкил хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: