Солҳои охир нашриёти «Маҳорат» дар нашру интишори осори бадеии ҷавонон ва соҳибтаҷрибаи тоҷик саҳми назаррас мегузорад.
Соли равон тавассути ин нашриёт ду китоби адибони тоҷик – «Аз ёдҳо, аз ёдҳо»-и Абдубароти Қодирӣ ва «Ниёиши баҳор»-и Илҳом Хидиров зери таҳрири Асадулло Шукуров ба табъ расиданд.
«Аз ёдҳо, аз ёдҳо...» маҷмӯаи чоруми Абдубароти Қодирӣ буда, силсила мақолаву суҳбату вохӯрӣ ва хотираҳои ӯро дар бар гирифтааст. Бояд гуфт, ки як қисми ин қаламиҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо чоп шудаанд.
Абдубарот бо тахаллуси Огаҳӣ шеър мегӯяд. Хотираҳои ӯ аз он, ки ба шахсиятҳои таърихӣ бахшида шудаанд, аҳамияти тарбиявӣ доранд.
«Муаллиф китобро аз ҳаёти ибратпазири поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ ибтидо намуда, онро бо андешаҳои бузургони ҷаҳон дар васфи ин фарзонаи миллат ҳусни оғоз бахшидааст» – овардааст дар пешгуфтори китоб адиб Асадулло Исмоилзода.
Хотираҳои ҷолиб дар бораи адибони маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Искандари Хатлонӣ ва чеҳраҳои ҳунар Маҳмуди Воҳид, Одина Ҳошим, сиёсатмадор Тоҳири Абдуҷаббор басе ҷолибанд.
Муаллиф аз шоирони фарзонаи диёраш Сулаймони Хоҷаназар ва Абдуллои Раҳмон, ки ба ӯ ҳаққи устодӣ доштаанд, ба некӣ ёд кардааст.
***
Китоби дигари нашриёт «Ниёиши баҳор»-и Илҳом Хидиров 21 ҳикоя ва 8 лавҳаро фаро мегирад. Бисёре аз ҳикояҳои муаллиф тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» низ пешкаши хонандагон гардидаанд. Ба китоб номзади илмҳои филологӣ Анзурати Маликзод пешгуфтор навиштааст.
Ӯ аз ҷумла нигоштааст: «Чоршанбеи Деҳнавӣ аз ҳикоянависони бомаҳорат дар ҳавзаи адабии воҳаи Сурхон аст. Боиси хушнудист, ки Саодат Сангинова ва Илҳом Хидиров ҳам ба насрнависони ҳавзаи деринаи адабӣ пайвастаанду намунаҳои навиштаҳои худро мунтазам аз тариқи матбуоти даврӣ манзури хонандагон менамоянд. Забони навиштаҳои муаллиф содаву маъмунӣ буда, лутфи табиии гуфтор ва муоширати мардум дар онҳо нигоҳ дошта шудаанд».
Умед аст, ки ҳикояҳои Илҳом Хидиров низ мавриди истиқболи гарми хонандагон қарор хоҳанд гирифт.
Бояд гуфт, ки ин китоби дуюми Илҳом Хидиров мебошад. Китоби аввали ӯ бо номи «Ҳадяи тақдир» соли гузашта тавассути нашриёти «Маҳорат» ба дасти чоп расида буд.
Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».