Ба қарибӣ аз тариқи нашриёти «TUBO-NASHR»-и Тошканд маҷмуаи нави шеърҳои шоираи ӯзбек Дилором Исмоилова бо номи «Она» («Модар») аз чоп баромад. Мо шоираро бо китоби тозанашраш муборакбод гуфта, чанд шеъри ӯро аз баёзи номбурда пешкаши рӯзномахонон мекунем.
Ободии дилам ту
Озодам, вале дил чун дар қафас,
Мерасӣ ба ёд андар ҳар нафас.
Ҷумла илло ту бошадам абас,
Аз ту хуш онам, озод ин туӣ.
Хоҳам, фидои хоки ту бошам,
Шабнам ба барги поки ту бошам.
Мирам ба зикрат, хоки ту бошам,
Аз гард донам, озод ин туӣ.
Шаъну шавкатат баҳри инсон аст,
Нозу неъматат баҳри инсон аст.
Тоҷу давлатат баҳри инсон аст,
Соҳиби ҷонам, озод ин туӣ.
Васфат аз дилам то забон ояд,
То забон вай аз мағзи ҷон ояд.
Дурфишон ояд, гулфишон ояд,
Чунки медонам, озод ин туӣ.
Пазмонӣ
Тирамоҳон мерасад, пойиз меояд,
Панҷа бар дар мезанад беист, бо такрор.
Дарди пазмонӣ диламро мефишорад тунд,
Мешавад аз ашк пур ду дидаам ночор.
Аз кафи сарди чанори сард мерезанд
Баргҳои заъфаронӣ бо фиғон яксар.
Чашм бар қадди дарахтон дӯхта, гӯӣ
Дардҳоям тоза мегарданд аз дигар.
Андар ин марзи шарифу беҳудуд, оре
Ҷумлаи бору бараш ёбад шикан охир.
Аз ғаму аз ғуссаҳо, ки бурдаам аз ту,
Мешавад хам ин сари болои ман, охир.
Гӯиё сангам
Рӯшанӣ дар дилам нест,
Бар он чаро дароед.
Дӯзед чашм бо меҳр,
Аз аксу ғам зудоед.
Сӯзад чароғ дар дил,
То бод низ рӯшан.
Бар ин ҷаҳону корам
Аз чӣ ризо шудам ман.
Модар, ба як гапи рост,
Пазмону зорам имрӯз.
Шаш ҷиҳатам дурӯғ аст
Бандам ба кизб ҳар рӯз.
Бар об афканам ман,
Ҷони пуроташамро.
Боре на дар вуҷудам.
Ҳастам чу санг гӯё.
Тарҷумаи Паймон.