Аз сӯрохии дари мағоза даромад ва 6,2 миллион сӯмро рабуд

  • Аз сӯрохии дари мағоза даромад ва 6,2 миллион сӯмро рабуд
  • Аз сӯрохии дари мағоза даромад ва 6,2 миллион сӯмро рабуд

Дар Тошканд як ноболиғ аз сӯрохии дари мағоза ворид шуда, аз касса қариб 6,2 миллион сӯм пул гирифт. Кормандони Хадамоти муҳофизат ӯро ҳангоми тарки ҷойи ҳодиса дастгир карданд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, ноболиғ аз даромадгоҳи мағоза гузашта, аз касса 6 миллиону 185 ҳазор сӯмро бардошт.

Ҳодисаро кормандони Хадамоти муҳофизат, ки шабона навбатдорӣ доштанд, сари вақт ошкор карданд. Гумонбар ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шуд.

Маблағи рабудашуда пурра ба соҳибони мағоза баргардонида шуд.

Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки нуқтаи савдо то ин вақт ба низоми Хадамоти муҳофизат пайваст набудааст. Баъди ҳодиса соҳибкор бо Хадамоти муҳофизат шартнома баст.

Ҳамзамон, дар ҳудуди мазкур дигар нуқтаҳои савдо низ санҷида шуданд. Ба соҳибони онҳо дар бораи таъмини амнияти молу мулк, пайвастан ба Хадамоти муҳофизат ва пешгирии ҷиноятҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Кормандони Хадамоти муҳофизат, ки дар ошкор ва пешгирии ҷиноят саҳми худро гузоштанд, аз ҷониби роҳбарият бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: