Нисбат ба шаш нафар соҳибкор ва кормандони мақомоти андоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд

Муайян гардид, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории андоз ба манфиатҳои давлат ва ҷомеа зарари ниҳоят калон расонида шудааст.

Мувофиқи маълумоти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти андоз ва ҳисоб накардани андоз аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти андоз ошкор шудаанд.
Дар ҷараёни санҷиши пеш аз тафтишотӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Департаменти назди Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз гузаронида шуд, муайян гардид, ки шахсони масъули 6 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) ва дигарон 32,6 миллиард сўм андоз аз арзиши иловашударо аз буҷет баргардонида гирифта, маҳсулоти ба маблағи 195,9 миллиард сўмро ба пули нақд фурӯхта, маблағҳои аз фурӯш бадастомадаро ба бонк насупурда, қоидаҳои савдоро ба миқдори ниҳоят калон вайрон карда, қасдан аз пардохти 42,5 миллиард сўм андоз саркашӣ кардаанд.
Ҳамчунин муайян шудааст, ки кормандони масъули Раёсати андози вилояти Тошканд ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дар ин ҶДММ-ҳо санадҳои тафтишотиро бе ҳисоб кардани 5,2 миллиард сўм андоз расмӣ намудаанд, ки дар натиҷа ба манфиатҳои давлат ва ҷомеа зарари хеле калон расидааст.
Дар айни ҳол нисбат ба ин ҳолат тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: