Дар моҳи июл ба 6 221 нафар шаҳрванд кӯмакпулии нави иҷтимоӣ таъйин шудааст.
То ҳолати 1 августи соли 2026 дар кишвар 708 ҳазору 242 нафар шаҳрванд бо намудҳои гуногуни кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъмин шудаанд. Дар ин бора Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар дод.
Аз ин шумора:
307 ҳазору 362 нафар кӯмакпулии маъюбӣ мегиранд;
164 ҳазору 136 нафар барои кӯдакони маъюби то 18-сола кӯмакпулӣ мегиранд;
98 ҳазору 916 нафар кӯмакпулии синну солӣ;
68 ҳазору 133 нафар кӯмакпулии нигоҳубин;
57 ҳазору 835 нафар кӯмакпулӣ барои аз даст додани саробон (нониовар)-ро мегиранд.
Ғайр аз ин, ба 10 ҳазору 168 нафар пирони танҳо ва шахсони танҳо бо маъюбият, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, ёрии моддӣ ҷудо шудааст. Ба 5 ҳазору 470 нафар барои пардохти хизматрасониҳои коммуналии манзил ҷубронпулӣ ва ба 1 ҳазору 692 нафар пардохтҳо барои хонаҳои оилавии кӯдакон ва патронат таъйин гардидааст.
Тибқи маълумот, дар моҳи июли соли 2026 6 ҳазору 221 нафар ба қатори гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шудаанд.