Ӯзбекистон расман ба Ассотсиатсияи байналмилалии конгрессҳо ва анҷуманҳо (ICCA) шомил гардид. Дар ин бора хабарнигори АА «Дунё» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои агентии хабарии «Orient»-и Туркманистон, шомил шудани Дафтари лоиҳаҳои назди Кумитаи сайёҳӣ ба ин сохтори бонуфуз ба кишвар имконият медиҳад, ки мустақиман ба бозори ҷаҳонии сайёҳии тиҷоратӣ (MICE) ворид шавад.
Ин рӯйдод барои Ӯзбекистон имкони ҷалби саммитҳои бузурги байналмилалӣ, намоишгоҳҳо ва форумҳои корпоративӣ-ро фароҳам меорад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, иштирокчиёни чорабиниҳои тиҷоратӣ нисбат ба сайёҳони оддӣ ба ҳисоби миёна 3–4 маротиба бештар маблағ сарф мекунанд, ки ин ба рушди соҳаҳои меҳмонхонадорӣ, нақлиёт, хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
Агентии «Orient» қайд мекунад, ки узвият дар ICCA ба кишвар имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
дастрасӣ ба пойгоҳи додаҳо — кишвар метавонад барои ба даст овардани ҳуқуқи баргузории бузургтарин конгрессҳои ҷаҳон мустақиман рақобат кунад;
афзоиши даромади иқтисодиёт — ҷалби меҳмонон ва сармоягузорони хориҷии дорои қобилияти баланди пардохт;
ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ — истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони маҳаллӣ дар самти ташкили чорабиниҳои бузург;
таҳкими имиҷи кишвар — баланд бардоштани обрӯи Ӯзбекистон ҳамчун маркази амн ва муосири тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ.
Ба хулосаи агентӣ, инфрасохтори рушдёфта, аз ҷумла марказҳои нави конгрессӣ, меҳмонхонаҳо ва густариши парвозҳои ҳавоӣ, барои табдил ёфтани Ӯзбекистон ба маркази асосии тиҷоратии минтақа заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.