Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст

  • Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст
  • Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст
  • Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст
  • Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст
  • Ӯзбекистон ба мизбонии Олимпиадаи байналмилалии информатика омода аст

Имрӯз дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба масъалаҳои раванди омодагӣ ба Олимпиадаи 38-уми байналмилалии информатика (IOI 2026), аҳамияти ин тадбири байналмилалӣ дар баланд бардоштани нуфузи ҷаҳонии мамлакат, инчунин, ҳамкориҳои байналмилалӣ, нақшаи чорабиниҳо ва амсоли ин нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Интихоби Ӯзбекистон ҳамчун мизбони IOI-2026 бар чӣ асос сурат гирифт?

Рустам КАРИМҶОНОВ, муовини вазири технологияҳои рақамӣ:

– Олимпиадаи байналмилалии информатика 9-16 августи соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардида, Ӯзбекистон дар таърихи худ бори нахуст ба ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ мизбонӣ менамояд.

Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбониро дар ин олимпиада соли 2023 ба даст овард ва ин дар пояи як қатор дастоварҳои мамлакатамон дар соҳаи таълим, технологияҳои рақамӣ ва ислоҳоти густурда дар дигар бахшҳо, ки тӯли даҳ соли охир таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат амалӣ мегарданд, сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсус ба рушди таҳсилоти рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, низоми экосистемаи технологияҳои иттилоотии кишвар босуръат рушд кард. Алҳол шумораи резидентҳои IT Park аз 3 ҳазору 700 ширкат гузашта, беш аз ҳазор адади онҳоро ширкатҳои дорои сармояи хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи кормандони ширкатҳои резидент аз 26 200 нафар дар соли 2023 ба 56 ҳазор нафар расидааст. Ҳамчунин, теъдоди шахсоне, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ озод фаъолият менамоянд, аз ҷумла фрилансерҳо, аз 53 ҳазору 300 (соли 2023) то ба 181 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Дар ин раванд натиҷаҳои назарраси Ӯзбекистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Мувофиқи ҳисоботи платформаи «Dealroom.co» барои соли 2026, мамлакати мо аз рӯйи афзоиши солонаи сармоягузориҳои венчурӣ бо нишондиҳандаи қариб 540-фоиза дар ҷаҳон мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Илова бар ин, Ӯзбекистон аз тарафи «StartupBlink» бобати рушди босуръати экосистемаи стартапҳо ҳамчун «Кишвари сол» эътироф гардид. Ин натиҷаҳо аз рушди таҳсилоти рақамӣ, стартапҳо ва соҳибкории технологӣ дар кишвар гувоҳӣ дода, дар ҳадде барои баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ замина мегузоранд.

Дастовардҳои дастаи мунтахаби мамлакат то ба кунун…

Шерзод КАРИМОВ, муовини якуми вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ:

– Баргузории олимпиада дар сарзамини донишманди бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки мафҳуми «алгоритм» аз номи ӯ сарчашма гирифтааст, аҳамияти таърихӣ ва рамзӣ дорад.

Бояд гуфт, ки ҷавонони мамлакати мо бори аввал ёздаҳ сол муқаддам дар Олимпиадаи байналмилалии информатика иштирок карда буданд. Дар ибтидо чун давлати иштирокдор ширкат намуда, солҳои охир як қатор натиҷаҳоро низ ба даст оварданд. То соли 2025 дастаи мунтахаби мо соҳиби як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ гардид. Аввалин медали нуқраи худро дар таърихи иштирок дар ин олимпиада соли гузашта ба даст овард.

Барои олимпиадаи имсола низ омодагии ҳамаҷониба дида шуд. Дастаи мунтахаб аз моҳи ноябри соли 2025 ба таври марҳилавӣ бозомӯзиро шурӯъ кард. Барои ин раванд аз Қазоқистон, Лаҳистон ва Руминия коршиносони байналмилалӣ ҷалб гардида, тақрибан 10 ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида шуд. Дар баробари омодагии техникӣ, ба тайёрии равонии хонандагон низ диққати махсус додем. Аз миёни 100 нафар хонандаи беҳтарин, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар интихоб шуда буданд, 50 нафар ба марҳилаи дувум, 25 нафар ба зинаи сеюм гузаштанд. Дар ниҳоят ба ҳайати ду дастаи мунтахаби миллӣ ҷамъ 8 нафар (4-нафарӣ)-ро интихоб кардем, ки хурдтарини онҳо донишомӯзи синфи ҳаштум аст.

745 нафар иштирокдор аз 97 кишвари ҷаҳон


Тӯрабой ШЕРМАТОВ, директори Маркази олимпиадаҳои фаннӣ:

– Олимпиадаи байналмилалии информатика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои барномасозӣ миёни хонандагони мактабҳо мебошад. Дар он иштирокдорон маҳорати худро дар ҳалли масъалаҳои мураккаби алгоритмӣ, тафаккури мантиқӣ ва қабули қарорҳои фаврӣ ба намоиш мегузоранд.

Боиси эътироф аст, ки барои иштирок дар олимпиадаи 38-ум аз зиёда аз 97 кишвари ҷаҳон 745 нафар донишомӯзон сабти ном шудаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ ин нишондиҳанда аз рӯи шумораи кишварҳои иштироккунанда, ҳамзамон теъдоди иштирокдорон дар таърихи Олимпиадаи байналмилалии информатика рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми омодагӣ ба баргузории олимпиада ба масъалаҳои таъмини амният, нақлиёт, истиқбол ва ҷойгирсозии меҳмонон, хидматрасонии ғизоӣ, инфрасохтори техникӣ ва барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар тӯли ҳашт рӯз шаҳри Тошканд ба маркази мулоқоту табодули таҷрибаи барномасозони ҷавон, мураббиён ва коршиносони байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки баргузории IOI 2026 барои муаррифии иқтидори технологӣ, рақамӣ ва таълимии Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба барномасозӣ, математика ва фанҳои STEM, дастгирии хонандагони соҳибистеъдод ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: