Олимон пешниҳод карданд, ки аҳолии Замин ду баробар кам карда шавад

Ба гуфтаи коршиносон, барои ҳифзи захираҳои табиии сайёра ин кор бояд то соли 2200 амалӣ карда шавад.

Олимон пешниҳод кардаанд, ки барои нигоҳ доштани захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ, инчунин коҳиш додани партовҳои гази карбон аҳолии Замин то соли 2200 ду баробар кам карда шавад.
Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки аз соли 1970 инҷониб афзоиши аҳолии ҷаҳон то чӣ андоза бо ҳашт нишондиҳандаи гуногунии биологӣ, истеъмоли захираҳо ва ифлосшавии муҳити зист вобаста аст.
Ба гуфтаи онҳо, гарчанде ин равандҳо пеш аз соли 1970 оғоз шуда буданд, маҳз аз ҳамон вақт онҳо ба таври назаррас суръат гирифтанд.
Коршиносон ба хулоса омадаанд, ки барои беҳтар кардани вазъ шумораи аҳолии ҷаҳон бояд то соли 2200 ба 4 миллиард нафар ё ҳатто камтар аз он расонида шавад.
Ба андешаи олимон, чунин коҳиш фишор ба экосистемаҳои табииро кам карда, паёмадҳои тағйирёбии иқлимро сабуктар мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: