Шахсони аз савдои одамон зарардида дастгирии иловагӣ мегиранд

Ҳатто агар инсон бе сарпаноҳ монад ё имкониятҳои моддии худро истифода бурда натавонад ҳам, қалби ӯ метавонад бо мафҳуми озодӣ ифтихор кунад ва умед дошта бошад.

Аммо қурбони савдои одамон шудан дар инсон эҳсосоти дигареро ба вуҷуд меорад ва ӯ дарк мекунад, ки арзиши инсонро бо ҳеҷ чиз чен кардан мумкин нест. Ин ҳолат бисёр вақт боиси аз ҷиҳати рӯҳӣ шикастани инсон мегардад, зеро дар чунин вазъият шаъну қадри инсон поймол мешавад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 3 августи соли 2026 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили куллии низоми муайян намудани шахсони аз савдои одамон зарардида ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа» маҳз ба дастгирии чунин шахсон равона шудааст.
Тибқи фармон, ба марказҳои «Инсон», муассисаҳои махсусгардонидашудаи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ ваколати муайянсозии ибтидоии қурбониёни эҳтимолии савдои одамон дода мешавад.
Дар натиҷаи муайянсозии ибтидоӣ ба шахс мақоми «шахси эҳтимолан аз савдои одамон зарардида» ба муҳлати то 1 моҳ дода мешавад. Пас аз муайянсозии ниҳоӣ мақоми расмии «шахси аз савдои одамон зарардида» ба муҳлати то 1 сол дода мешавад.
Муҳлати муайянсозии ниҳоӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳудудии мубориза бо савдои одамон ва масъалаҳои меҳнати муносиб 10 шабонарӯз муқаррар шудааст.
Аз 1 сентябри соли 2026 тавассути телефони боварии кӯтоҳи 1146 муроҷиатҳои шахсони аз савдои одамон зарардида қабул гардида, ба онҳо машваратҳои иҷтимоӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар маълумот пешниҳод карда мешавад.
Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ӯзбекистон дар хориҷ низ телефонҳои боварӣ барои қабули чунин муроҷиатҳо ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва моддӣ фаъолият хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар фурудгоҳҳои байналмилалии «Тошкент» ва «Самарқанд» бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ Бюроҳои машваратии муҳоҷират ташкил карда мешаванд.
Дар ҳақиқат, ҳушёрӣ талаботи замон аст. Вазифаҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинишуда имкониятҳои огоҳонӣ ва ҳифзи аҳолиро васеъ мегардонанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: