Губернатори Иёлоти Ню-Йорки ИМА Кэти Хокул қонунеро имзо кард, ки ба беморони гирифтори бемориҳои табобатнашаванда имкон медиҳад, бо хоҳиши худ барои анҷоми ҳаёт доруи марговар дарёфт кунанд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар додааст.
Тибқи қонуни нав, беморони табобатнашавандае, ки эҳтимол дорад камтар аз шаш моҳи умр барояшон боқӣ монда бошад, метавонанд барои гирифтани доруи марговар муроҷиат кунанд.
Барои истифода аз ин ҳуқуқ бемор бояд 18-сола ё калонтар, қобилияти қабули қарорҳои мустақилона дошта бошад, ба бемории табобатнашаванда гирифтор буданаш тасдиқ шуда, эҳтимолияти фавташ дар давоми шаш моҳи оянда муайян гардида бошад. Ҳамчунин, ӯ бояд қодир бошад, ки доруро мустақилона истеъмол кунад.
Қонун, ҳамзамон, гузаронидани муоинаи ҳатмии равонӣ ва доштани иқомати доимӣ дар Иёлоти Ню-Йоркро низ ҳамчун шарт пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Politico, қонуни Ню-Йорк аз ҷумлаи қонунҳои сахтгирона дар ин замина дар ИМА ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз эвтаназия ё кӯмак ба бемори табобатнашаванда барои анҷоми ихтиёрии ҳаёт дар 14 Иёлоти ИМА иҷозат дода шудааст. Иёлоти Орегон соли 1994 аввалин иёлоти кишвар буд, ки чунин амалро қонунӣ кард.