Дар Ӯзбекистон дрони инноватсионии боздорандаи «Shunqor-88» сохта шуд

Дар доираи озмун-намоянди «Муҳандисони оянда» муҳандисони маҳаллӣ дрони инноватсионии боздорандаи «Shunqor-88»-ро таҳия карданд.

Муаллифи лоиҳа Билолхон Исмоилов  иттилоъ додааст, ки ин дастгоҳ бо мақсади таъмини амнияти ҳавоӣ ва муқовимати муассир бо ҳавопаймоҳои бесарнишини муосир сохта шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, «Shunqor-88» метавонад бо суръати то 450 километр дар як соат ҳаракат кунад. Дрон қодир аст 10–15 дақиқа дар ҳаво парвоз карда, ҳавопаймоҳои бесарнишини хатарнокро дар масофаи 8–10 километр ошкор ва безарар гардонад.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, арзиши як мушаки низомии анъанавии дифои ҳавоӣ тақрибан 2–5 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, арзиши истеҳсоли як дрони «Shunqor-88» тахминан 20–50 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, тақрибан 45 дарсади ҷузъҳои дастгоҳ дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.

Принсипи кори дрон чунин аст: маълумоти марбут ба ҳадафе, ки тавассути радарҳо муайян шудааст, ба оператор интиқол дода мешавад. Оператор дронро ба самти ҳадаф равона карда, бо истифода аз зарбаи кинетикӣ ё моддаи тарканда ҳадафи ҳавоиро нобуд мекунад.

Муаллифон мегӯянд, ки «Shunqor-88» чанд маротиба дар полигонҳои ҳарбии воқеъ дар Чирчиқ, Аранчи ва Каттақӯрғони вилояти Самарқанд мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, лоиҳа дар мулоқоте, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон — 30 июн баргузор гардид, ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муаррифӣ шудааст. Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, сарвари давлат ба он баҳои баланд дода, ба масъулон дастур додааст, ки барои татбиқи амалии лоиҳа ва бе фармоиш намондани он чораҳои зарурӣ андешанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: