Чин дар доираи омодагӣ ба иҷрои як миссия оид ба овардани намунаҳои хоки Миррих ба Замин қасд дорад озмоишгоҳи махсуси ҳифзи сайёравиро бунёд кунад.
Иншоот дар марҳилаи аввали сохтмони шаҳраки илмӣ-технологии таҳқиқоти кайҳони амиқ, воқеъ дар шаҳри Хэфэйи музофоти Аньхой, сохта мешавад. Қисме аз фаъолияти озмоишгоҳро Лабораторияи таҳқиқоти кайҳони амиқ (DSEL) ба уҳда хоҳад дошт.
Дар озмоишгоҳ низоми дуҷонибаи муҳофизатӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ҳам намунаҳои аз Миррих овардашуда ва ҳам амнияти биосфераи Заминро ҳифз хоҳад кард.
Аз ҷумла, безараргардонии намунаҳо, боз кардани зарфҳои махсуси нигоҳдорӣ, коркарди хок ва арзёбии хатарҳои эҳтимолии биологӣ аз вазифаҳои асосии ин озмоишгоҳ ба шумор мераванд.
Директори департаменти стратегияи рушди DSEL Ли Хан гуфтааст, ки Чин бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли микроорганизмҳои заминӣ ба Миррих ва ҳифзи Замин аз эҳтимоли ворид шудани шаклҳои ҳаёти берун аз заминӣ ба қоидаҳои ҳифзи сайёравии Кумитаи таҳқиқоти кайҳонӣ риоя хоҳад кард.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дастгоҳи кайҳонии миссияи «Тяньвэнь-3» тақрибан соли 2028 ба Миррих фиристода шавад. Ҷамъоварии намунаҳои хоки Миррих ва интиқоли онҳо ба Замин бошад, эҳтимол соли 2031 анҷом дода мешавад, хабар додааст Kazinform.