Ин хитоба худ аз худ бар забон меояд, вақте аз канори шаҳракҳои «Ӯзбекистони Нав» мегузаред ва аз шаҳомату зебоии онҳо ба ҳайрат меоед.
Дар ин ҷо ҳаёт рангу таровати дигар дорад. Роҳравҳои ҳамвору озода, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, майдончаҳои муҷаҳҳази бозии кӯдакон, қаторҳои дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг ба ин маҳалҳо ҳусни хоса бахшидаанд. Манзараро чеҳраҳои хандони кӯдакон, оромии волидон, ҷавонони хушбахт ва дуои неки пирони рӯзгордида боз ҳам дилнишинтар мегардонад. Ҳамаи ин ба дил умед мебахшад, ки Ватани мо ояндаи дурахшон дорад.
Бешубҳа, дар саргаҳи ин ободкориҳо Президенти кишварамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев қарор дорад. Бо ташаббус ва сиёсати созандаи ӯ дар саросари кишвар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои нави истиқоматӣ бо номи «Ӯзбекистони Нав» бунёд мешаванд, ки имрӯз на танҳо симои шаҳрҳоро дигаргун месозанд, балки Ӯзбекистонро ҳамчун давлати рӯ ба рушд ва ҳамқадами замон ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Лоиҳаи «Ӯзбекистони Нав» яке аз бузургтарин барномаҳои шаҳрсозии солҳои охир ба ҳисоб меравад. Ҳадафи он беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани манзилҳои бароҳат ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири байналмилалӣ, инчунин ташкили муҳити муносиб барои зиндагӣ мебошад. Татбиқи ин барнома то соли 2030 идома ёфта, дар тағйир ёфтани симои кишвар ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба манзил нақши муҳим мебозад.
Дар вилояти Қашқадарё низ ин лоиҳа босуръат татбиқ мегардад. Дар баробари бунёди хонаҳои бисёрқабата, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, биноҳои маъмурӣ, марказҳои хидматрасонӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол ноҳияҳои Қаршӣ, Косон, Қамашӣ, Яккабоғ ва Ғузор аз ҷумлаи минтақаҳое мебошанд, ки дар онҳо лоиҳаи «Ӯзбекистони Нав» амалӣ мешавад.
Корҳо нахуст дар ноҳияи Қаршӣ оғоз гардида, барои сохтмони шаҳраки нав дар ҳудуди маҳаллаи «Чаман» 64,6 гектар замин ҷудо карда шуд. Лоиҳа бунёди 48 бинои бисёрқабатаро дар бар мегирад, ки аз онҳо 18 бино 16-қабата, 22 бино 12-қабата ва 8 бино 9-қабата мебошанд.
Илова бар ин, дар масоҳати 38 гектар Боғи истироҳатии «Ӯзбекистони Нав» бунёд мегардад. Дар таркиби он амфитеатр, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, сохтмони ду мактаби таҳсилоти миёна, ду муассисаи томактабӣ, биноҳои мақомоти маҳалла, марказҳои соҳибкорӣ ва маҷмааҳои тиҷоратӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Иҷрои корҳои сохтмонӣ ба зиммаи ширкати «Yuksalish Group» гузошта шуда, онҳо дар ду марҳила амалӣ мегарданд.
Дар марҳилаи аввал (солҳои 2022–2026) нӯҳ бинои 9 ва 10-қабата, ки барои 913 оила пешбинӣ шудаанд, пурра ба итмом расида, ба истифода дода шуданд. Ҳоло сохтмони боз нӯҳ бинои дигар идома дошта, интизор меравад то охири сол ба истифода супурда шаванд. Дар онҳо 492 оила соҳиби манзил хоҳанд шуд.
Дар доираи ҳамин барнома мактабе барои 504 хонанда сохта шуда, фаъолияти худро оғоз кардааст. Арзиши умумии ин лоиҳа 38 миллиард сӯм мебошад.
Яке аз муҳимтарин иншооти иҷтимоии шаҳрак «Қасри варзиши обӣ» мебошад, ки бо маблағи 104 миллиард сӯм сохта шуда, аллакай ба истифода дода шудааст.
Марҳилаи дуюми барнома аз соли 2027 оғоз гардида, то охири соли 2028 идома меёбад. Дар ин давра бунёди 36 бинои 9 то 16-қабата пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо 2712 оила бо манзили нав таъмин хоҳанд гардид.
То охири соли равон инчунин ба истифода супоридани боз 12 бинои баландошёна, ки барои 848 оила пешбинӣ шудаанд, дар назар аст. Ғайр аз ин, сохтмони як муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ бо арзиши 211 миллиард сӯм, ду муассисаи томактабӣ барои 360 ва 180 кӯдак, як бунгоҳи тиббии оилавӣ ва маркази тиббии бисёрсоҳа низ идома дорад.
Дар ноҳияҳои Косон, Қамашӣ ва Ғузор низ сохтмони шаҳракҳои нави истиқоматӣ босуръат идома дошта, хонаҳо бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ ва бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ бунёд мешаванд.
Дар ноҳияи Яккабоғ бошад, лоиҳа дар масоҳати 18 гектар амалӣ гардида, аллакай зиёда аз 54 бинои панҷқабата сохта шуда, 1380 оила соҳиби манзил гардидаанд. Имрӯз сокинони шаҳраки нав дар хонаҳои барҳавову замонавӣ зиндагии худро оғоз намудаанд.
Дар ҳамин ноҳия «Экобозор», ки аз се ошёна иборат аст, низ сохта шудааст. Ифтитоҳи он барои рушди иқтисоди маҳаллӣ аҳамияти калон дорад. Акнун кишоварзон метавонанд маҳсулоти худро бевосита ба истеъмолкунандагон пешниҳод намоянд, ки ин ҳам ба поин рафтани нархҳо ва ҳам ба беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Бозор барои 640 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҳар касе, ки аз ин маҳаллаҳои нав дидан мекунад, пешрафти босуръати Ӯзбекистонро бо чашми худ мебинад. Шаҳракҳои нав на танҳо симои ноҳияҳоро дигаргун сохтаанд, балки барои ҳазорон оила шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё намудаанд.
Ҳамаи ин дастовардҳо самараи истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Дар тӯли 35 соли истиқлол Ӯзбекистон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисод, илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳангоми дидани чеҳраҳои пурнишоти сокиноне, ки дар манзилҳои нави худ зиндагии осоиштаро оғоз кардаанд, эҳсоси ифтихор ҳар бинандаро фаро мегирад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои ободии кишвар ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Шариф Халил,
хабарнигори
Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.