Дар зиндагии ҳар инсон арзишҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо на танҳо куҳна намешаванд, балки қиматашон бештар мегардад. Барои камина яке аз чунин арзишҳои муқаддас рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» аст, ки алҳол бо номи «Овози тоҷик» нашр мешавад.
Ҳанӯз аз айёми наврасӣ бо ин нашрия пайванди маънавӣ дорам ва он танҳо муносибати як муштарӣ бо рӯзнома нест, балки робитаи як хабарнигори ҷамоатӣ, як хонандаи содиқ бо минбарест, ки даҳсолаҳо овози тоҷикони Ӯзбекистонро ба ҷомеа расонидаасту мерасонад. «Овози тоҷик» тӯли фаъолияти асринаи худ бо номҳои гуногун чоп шудааст. Вале новобаста аз тағйири ном, рисолаташ ҳамеша яксон: ҳифзи забони тоҷикӣ, тараннуми дӯстиву бародарӣ, тарғиби фарҳангу адабиёт, инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои маънавии тоҷикони кишвар будаасту ҳаст.
Он барои насли мо фақат воситаи ахбор набуд, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ, мактаби фарҳанг ва рӯзноманигорӣ буд. Аз ҳамин минбар садҳо қаламкаш ба майдони эҷод қадам гузоштанд. Бисёр ҷавонон маҳз баъди чоп шудани аввалин нома, шеър, хабар ё мақолаашон ба нерӯи худ бовар карданд. Камина низ аз ҷумлаи онҳо ҳастам.
Аз овони ҷавонӣ кӯшиш мекардам, ки ҳамаи шумораи рӯзномаро ба даст орам. Ҳар шумораи нави он барои ман як рӯйдоди муҳим буд. Бо шавқи зиёд хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабиро мутолиа мекардам. Ҳамин рӯзнома ҷаҳонбинии моро васеъ кард, моро бо ҳаёти мамлакат ва ҷаҳон пайваст.
Ҳар бор, ки ба Тошканд мерафтам, ҳатман ба идораи рӯзнома сар мезадам. Суҳбат бо рӯзноманигорони соҳибтаҷриба, муҳаррирон ва кормандони он барои ман дарси зиндаи касбӣ буд. Имрӯз дареғо, ки бисёре аз он чеҳраҳои нуронӣ дигар дар байни мо нестанд. Аммо хотираи онҳо ва хидматҳои содиқонаашон дар саҳифаҳои рӯзнома ва дар ёди ҳазорҳо зинда аст.
Солҳои донишҷӯӣ дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Херсони Украина низ робитаам бо рӯзнома қатъ нагардид. Ман аз ҳаёти донишҷӯёни тоҷик ва ӯзбек, аз муҳити таҳсил, дӯстӣ ва фаъолияти ҷавонон хабару мақолаҳо мефиристодам. Он замон на интернет буду на шабакаҳои иҷтимоӣ. Танҳо ҳангоми таътил дар зодгоҳам – Сӯх мефаҳмидам, ки кадом навиштаам чоп шудаасту кадоме не. Вақте ному насаби худро дар рӯзнома медидам, ҷаҳон бароям дигаргун метофт. Беҳад шод мешудам, ки ин эҳсоси ширину аввалини муваффақият буд. Ҳатто ҳаққи қалами ночизе, ки ҳамчун «чойпулӣ» медоданд, барои ман аз ҷиҳати маънавӣ арзиши бештар дошт.
Хотираи дигаре, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ба солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 7-уми ноҳияи Сӯх рост меояд. Ҳар сол кормандони рӯзнома бо роҳбарии сармуҳаррири вақти он, шодравон Шавкат Ниёзов ба Сӯх меомаданд ва бо хонандагон мулоқот мекарданд.
Ин вохӯриҳо воқеан як мактаби бузурги ошноӣ бо журналистика буданд. Толори мактаб аз омӯзгорон, хонандагон ва сокинони маҳаллаҳои Чоркӯча, Обишир, Чумоқча, Қалъаи Боло, Қалъаи Поён ва деҳаҳои дигар пур мешуд. Дар он ҷо на танҳо аз фаъолияти рӯзнома, балки аз масъалаҳои доғи рӯз, аз камбудиву муваффақиятҳо ва аз нақши матбуот дар ҷомеа озодона сухан мерафт.
Ман дар ин вохӯриҳо ҳамчун мухбири ҷамоатӣ фаъолона иштирок мекардам. Савол медодам, пешниҳодҳо менамудам ва фикрҳои ҳамдеҳагонамро баён мекардам. Он мулоқоту суҳбатҳо яктарафа набуданд. Байни хонанда ва рӯзноманигор муколамаи воқеӣ вуҷуд дошт. Чунин эҳтиром ба андешаи мардум буд, ки нуфузи рӯзномаро баланд нигоҳ медошт.
Он рӯзҳо ҳазорҳо нафар танҳо дар ноҳияи Сӯх муштарии «Овози тоҷик» буданд. Рӯзнома ҳафтае панҷ бор нашр мешуд. Хаткашон бо халтаи пур аз рӯзнома кӯча ба кӯча мегашт. Бисёре аз мардум ҳанӯз дар назди дарвоза ё сари кӯча рӯзномаро кушода, ба мутолиаи он оғоз мекарданд. Хондани рӯзнома ба як фарҳанги зиндагӣ табдил ёфта буд.
Хонандагон махсусан рубрикаҳои «Акси садо», «Аз пайи як мактуб…», «Адабиёт ва санъат», «Қаҳрамонони мо», «Аз ҳаёти деҳот» ва «Ба редаксия ҷавоб омад»-ро бесаброна интизор мешуданд. Ин рубрикаҳо набзи ҷомеаро инъикос мекарданд. Дар онҳо ҳам мушкилоти мардум ҷой дошт ва ҳам шодии онҳо.
Қаламкашони фаъол низ хеле зиёд буданд. Дар зери номи онҳо бо ифтихор ибораҳои «Мухбири ғайриштатии «Ҳақиқати Ӯзбекистон»» ё «Мухбири ҷамоатӣ» сабт мешуд. Ин танҳо як навиштаҷот набуд, балки нишони эътимоди таҳририят ба муаллиф ва эҳтиром ба заҳмати ӯ буд.
Ҳатто мактубе, ки нашр намешуд, беҷавоб намемонд. Аз идораи рӯзнома бо лифофаҳои зебо ва бланкҳои расмӣ ҷавоби хаттӣ мерасид. Ин фарҳанги баланди муносибат бо хонанда буд. Муаллиф эҳсос мекард, ки навиштаи ӯро хондаанд, яъне заҳматаш ба ҳар ҳол қадр шудааст.
Имрӯз ҳам бо эҳтироми зиёд номи устодони матбуоти тоҷикро ба забон меорам: Ҳисомиддин Абдувалиев, Авнер Исҳоқбоев, Бекназар Тӯйназаров, Муҳсин Умарзода, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Шоқаҳҳор Салимов, Тоҳир Олимбоев, Эҳсон Тӯрдиқулов, Абдулло Субҳон, Тӯхтамиш Тӯхтаев ва дигарон. Мақолаҳои онҳо пур аз таҳлил, масъулиятшиносӣ ва меҳри мардум буд. Онҳо бо ҳар матлаби худ ба хонанда андеша мебахшиданд.
Яке аз анъанаҳои беҳтарини рӯзнома сафарҳои эҷодӣ ба маҳалҳо маҳсуб меёфт. Кормандони идора ба деҳаҳои тоҷикнишин мерафтанд, конфронсҳои рӯзномахонон баргузор мекарданд, пешниҳодҳои мардумро мешуниданд ва онҳоро ба саҳифаҳои рӯзнома мебароварданд. Ин робитаи зинда рӯзномаро ба мардум наздиктар мекард.
Имрӯз технологияҳои рақамӣ зиндагиро дигар кардаанд. Ахбор дар як лаҳза ба дасти мардум мерасад. Аммо ҳеҷ шабакаи иҷтимоӣ ҷойи як рӯзномаи соҳибмактаб ва боэътимодро гирифта наметавонад. Зеро рӯзнома танҳо ахбор намедиҳад – он ба хонанда андеша, таҳлил, тарбия ва масъулиятро низ меомӯзад.
Аз ин рӯ, орзу дорам, ки ҳайати эҷодии «Овози тоҷик» ба анъанаҳои пуршарафи гузашта такя карда, онҳоро бо талаботи замони нав пайванд диҳад. Бигзор сафарҳои эҷодӣ ба маҳалҳо дубора эҳё гарданд, мулоқоти рӯ ба рӯ бо хонандагон бештар шаванд, ҷавонони соҳибқалам кашф гарданд ва дастгирӣ ёбанд, рукнҳои дӯстдоштаи хонандагон бо рӯҳи нав эҳё шаванд.
Зеро қудрати ҳар як рӯзнома, пеш аз ҳама, дар муҳаббати хонандагони он аст.
Ман ҳамчун як муштарии собиқадор, хабарнигори ҷамоатӣ ва рӯзноманигоре, ки беш аз ним аср бо матбуот пайванд дорад, имрӯз низ худро аз оилаи бузурги «Овози тоҷик» ҷудо намедонам.
Бовар дорам, ки ин рӯзнома минбаъд низ рисолати таърихии худро бо сарбаландӣ иҷро ва ҳамчун овози тоҷикони Ӯзбекистон барои наслҳои имрӯзаву фардо хизмат хоҳад кард.
Камолиддин Азизов,
рӯзноманигори собиқадор.